[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи бандаи Худованд Довуд.
[2] Маъсияти шарир андаруни дилам мегӯяд: «Тарси Худо дар пеши чашми вай нест»;
[3] Зеро ки вай ба худаш дар назари худ тамаллуқ мегӯяд ва барои худ гуноҳе пайдо мекунад, то ки пур аз адоват гардад;
[4] Суханони забонаш талбис ва макр аст; аз рафтори оқилона ва некӯкорӣ даст кашидааст;
[5] Дар ҷогаҳи худ талбис мебофад, роҳи нодурустро пеш гирифтааст, аз бадӣ нафрат намекунад.
[6] Худовандо! Эҳсони Ту то осмонҳост, садоқати Ту то афлок аст!
[7] Адолати Ту мисли кӯҳҳои муаззам аст, довариҳои Ту вартаи бузург аст! Одамизод ва ҳайвонро Ту наҷот медиҳӣ, эй Худованд!
[8] Чӣ арҷманд аст эҳсони Ту, эй Худо! Банӣ‐одам дар сояи болҳои Ту паноҳ меёбанд;
[9] Аз равғани хонаи Ту сер мешаванд, ва аз наҳри шарбатҳои Худ онҳоро менӯшонӣ,
[10] Зеро ки чашмаи ҳаёт бо Туст; дар нури Ту нурро мебинем.
[11] Эҳсони Худро барои орифони Худ давом деҳ, ва адолати Худро барои ростдилон.
[12] Бигзор пои ғурур бар ман наояд, ва дасти шарирон маро бадар наронад.
[13] Дар он ҷо бадкирдорон афтодаанд, сарнагун шудаанд ва хеста наметавонанд.