Skip to content
Opens in a new window

[1] Суруди таълимии Довуд. Хушо касе ки ҷиноятҳояш омурзида ва хатоҳояш пӯшида шудааст.

[2] Хушо касе ки Худованд гуноҳи варо ба ҳисоб намеоварад, ва дар рӯҳи вай ҳилагарӣ нест.

[3] Вақте ки хомӯш будам, устухонҳоям аз фиғони ҳаррӯзаи ман мепӯсид,

[4] Зеро ки рӯзу шаб дасти Ту бар ман фишор меовард; илики ман ба хушкии тобистон мубаддал шудааст. Село.

[5] Хатоямро ба Ту маълум кардаам, ва гуноҳамро пинҳон надоштаам; гуфтам: «Ба ҷиноятҳоям пеши Худованд иқрор мешавам», ва Ту айби хатоямро афв кардаӣ. Село.

[6] Бинобар ин ҳар порсо дар вақти иҷобат пеши Ту дуо хоҳад гуфт, ва дар он сурат ҷараёни обҳои бисьёр ба вай нахоҳад расид.

[7] Ту паноҳгоҳи ман ҳастӣ, маро аз тангӣ ҳифз мекунӣ, маро бо таронаҳои халосӣ иҳота менамоӣ. Село.

[8] «Ман туро таълим хоҳам дод ва ба роҳе ки бояд биравӣ, ҳидоят хоҳам кард: туро насиҳат хоҳам дод; чашмам бар туст.

[9] Мисли асп, мисли хачир бефаҳм набошед, ки онҳоро сӯлуқ ва ҷилав мезананд, ки ин зинат барои нигоҳ доштани онҳост, вагар на наздики ту нахоҳанд омад».

[10] Шарир ғаму ғуссаи зиёде дорад, аммо касе ки ба Худованд таваккал менамояд, эҳсон ӯро иҳота хоҳад кард.

[11] Дар Худованд шодӣ ва хурсандӣ кунед, эй одилон! Ва тараннум намоед, эй ҳамаи ростдилон!

Забур — Chapters