Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. Ба Худованд паноҳ мебарам; чӣ гуна шумо ба ҷонам мегӯед: «Мисли мурғе ба кӯҳи худ бигрез»?

[2] Зеро инак шарирон камонро кашидаанд, тири худро ба зеҳи он гузоштаанд, то ки дар торикӣ ба ростдилон биандозанд.

[3] Дар сурате ки буньёдҳо вайрон шудааст, одил чӣ кор карда метавонад?

[4] Худованд дар қасри қудси Худ сокин аст; тахти Худованд дар осмон аст; чашмони Ӯ менигарад, пилкҳои Ӯ банӣ‐одамро имтиҳон мекунад.

[5] Худованд одилро имтиҳон мекунад, вале аз шарир ва дӯстдори хабосат ҷони Ӯ нафрат дорад.

[6] Бар шарирон ахгарҳо, оташ ва кибрит хоҳад боронид, ва боди самум ҳиссаи косаи онҳо хоҳад шуд.

[7] Зеро ки Худованд одил аст, адолатро дӯст медорад; рӯи Ӯ ба росткор нигаронида шудааст.

Забур — Chapters