[1] Таронаи Довуд; суруди тақдиси хона.
[2] Туро, эй Худованд, такбир менамоям, зеро ки маро раҳо кардӣ, ва душманонамро бар ман шодком нагардондӣ.
[3] Худовандо, Худои ман! Сӯи Ту истиғоса бурдам, ва маро шифо додӣ.
[4] Худовандо! Ҷонамро аз дӯзах баровардӣ, маро зинда кардӣ, то ки ба қабр фурӯд наоям.
[5] Худовандро бисароед, эй порсоёни Ӯ, ва зикри қудсияти Ӯро ҳамд гӯед,
[6] Зеро ки ғазаби Ӯ як лаҳза аст, ва ҳусни таваҷҷӯҳи Ӯ дар зарфи як зиндагонӣ: бегоҳӣ гирья маскан мегирад, валекин пагоҳӣ — шодмонӣ.
[7] Ва ман дар некрӯзии худ мегуфтам: «Ҳаргиз фурӯ нахоҳам ғалтид».
[8] Худовандо! Бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ кӯҳи маро қувват бахшидӣ, аммо чун рӯи Худро пинҳон кардӣ, ҳаросон шудам.
[9] Сӯи Ту, эй Худованд, мехонам, ва пеши Худованди худ зорӣ мекунам.
[10] Аз хуни ман чӣ фоида, вақте ки ба гӯр фурӯд оям? Оё хок Туро шукрона мегӯяд? Оё ростии Туро ба забон меоварад?
[11] Бишнав, эй Худованд, ва ба ман марҳамат намо. Худовандо! Мададгори ман бош.
[12] Мотамамро барои ман ба рақс мубаддал кардаӣ, палосамро кашида, камарамро ба шодӣ бастаӣ,
[13] То ки нафсам Туро бисарояд ва хомӯш нашавад. Худовандо, Худои ман! Туро ҳамд хоҳам гуфт то абад.