[1] Таронаи Довуд. Худованд нури ман ва наҷоти ман аст: аз кӣ тарсон бошам? Худованд истеҳкоми ҷони ман аст: аз кӣ ҳаросон бошам?
[2] Вақте ки бадкешон ба ман наздик шуданд, то ки гӯшти маро бихӯранд, адуёнам ва душманонам худашон ноком шуда, афтоданд.
[3] Агар дар муҳосираи душман бимонам, дилам нахоҳад тарсид; агар бар зидди ман корзор барпо шавад, дар он сурат низ таваккал хоҳам кард.
[4] Як чизро аз Худованд пурсидаам, ва онро хоҳам талабид, ки тамоми айёми умри худ дар хонаи Худованд сокин бошам, шавкати Худовандро мушоҳида намоям ва дар қасри Ӯ назорат кунам;
[5] Зеро ки маро дар рӯзи тира дар хаймаи Худ пинҳон хоҳад дошт, дар паноҳи хиргоҳи Худ руст хоҳад кард, бар кӯҳпора баланд хоҳад бардошт.
[6] Ва алҳол сарам бар душманонам, ки гирди маро гирифтаанд, баланд хоҳад шуд, ва дар хаймаи Ӯ қурбониҳои шодиёна хоҳам овард, дар шаъни Худованд суруд хоҳам хонд ва Ӯро хоҳам сароид.
[7] Худовандо! Маро, ки бо овози худ мехонам, бишнав, ва ба ман марҳамат намо ва маро иҷобат бикун.
[8] Дилам аз ҷониби Ту мегӯяд: «Ҷӯёи рӯи Ман бошед»; ва ман, эй Худованд, ҷӯёи рӯи Ту хоҳам буд.
[9] Рӯи Худро аз ман пинҳон надор; бандаи Худро дар ғазабат напартой; Ту мададгори ман будӣ; маро рад накун ва тарк накун, эй Худои наҷоти ман!
[10] Зеро ки падару модарам маро тарк кардаанд, вале Худованд маро пазироӣ менамояд.
[11] Тариқи Худро, эй Худованд, ба ман таълим деҳ, ва маро, бар хилофи иродаи бадхоҳонам, ба роҳи рост андоз.
[12] Маро ба дасти адуёнам насупор, зеро ки шоҳидони козиб ва бадхоҳон бар ман қиём кардаанд.
[13] Лекин эътиқод доштам, ки лутфи Худовандро дар замини зиндаҳо хоҳам дид.
[14] Ба Худованд умедвор бош, матин бош, ва дилат қавӣ хоҳад шуд; ба Худованд умедвор бош.