Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён бар сози шушан‐эдут. Суруди таълимии Довуд,

[2] Вақте ки ӯ бо Арам‐Наҳрайн ва бо Арам‐Суба меҷангид, ва Юоб баргашта, дувоздаҳ ҳазор адӯмиёнро дар водии Намак кушт.

[3] Худоё! Моро партофтаӣ, моро рахна кунондаӣ, бар мо ғазабнок шудаӣ; сӯи мо баргард.

[4] Заминро ба ларзиш овардаӣ, кафондаӣ: шикастапораҳои онро шифо деҳ, зеро ки ба нокомӣ дучор шудааст.

[5] Ба сари қавми Худ душвориҳо овардаӣ, моро шароби заҳролуд нӯшондаӣ.

[6] Ба тарсгорони Худ байрақ додаӣ, то ки онро барои ростӣ барафрозанд. Село.

[7] Барои он ки дӯстони Ту халосӣ ёбанд, бо ямини Худ наҷот деҳ, ва маро иҷобат намо.

[8] Худо дар қудси Худ гуфтааст: «Хурсанд хоҳам шуд, Шакемро тақсим хоҳам кард, ва водии Суккӯтро чен хоҳам намуд.

[9] Ҷилъод аз они Ман аст ва Менашше аз они Ман; Эфроим хӯди Ман аст, Яҳудо чӯбдасти салтанати Ман;

[10] Мӯоб тоси шустушӯи Ман аст; бар Адӯм кафши Худро хоҳам партофт. Барои Ман фарьёд зан, эй замини Фалиштӣ!»

[11] Кист, ки маро ба шаҳри ҳисордор дарорад? Кист, ки маро то ба Адӯм ҳидоят намояд?

[12] Оё на Ту, эй Худо, моро партофтаӣ, ва бо лашкарҳои мо, эй Худо, берун намеоӣ?

[13] Ба мо аз дасти аду ёварӣ намо, зеро ки мадади одамизод ҳеҷ аст.

[14] Бо Худо комьёб хоҳем шуд, ва Ӯ адуёни моро хоку туроб хоҳад кард.

Забур — Chapters