[1] Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки некӯст; зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
[2] Растагорони Худованд бигӯянд, ки онҳоро Ӯ аз дасти аду раҳо кардааст;
[3] Ва онҳоро аз мамлакатҳо ҷамъ овардааст: аз шарқ ва ғарб, аз шимол ва ҷануб.
[4] Дар биёбон, дар роҳи бероҳа овора буданд; шаҳри маскуне намеёфтанд.
[5] Гурусна ва ташна монданд, ҷонашон андарунашон аз ҳол рафт.
[6] Вале дар тангии худ сӯи Худованд фарьёд кашиданд; онҳоро аз мусибатҳошон раҳо кард.
[7] Ва онҳоро ба роҳи рост андохт, то ки ба шаҳри маскун равона шаванд.
[8] Бигзор Худовандро барои эҳсони Ӯ ҳамд гӯянд, ва барои корҳои аҷоиби Ӯ аз баҳри банӣ‐одам!
[9] Зеро ки ҷони иштиёқмандро сер кардааст, ва ҷони гуруснаро аз нозу неъмат пур кардааст.
[10] Дар торикӣ ва зулмот менишастанд; бандиёни мусибат ва оҳан буданд.
[11] Зеро ки ба суханони Худо беитоатӣ карданд, ва раъи Ҳаққи Таолоро хор диданд.
[12] Ва дили онҳоро бо меҳнат фурӯ нишонд; бемаҷол шуданд, ва мададгоре набуд.
[13] Вале дар тангии худ сӯи Худованд фиғон карданд; онҳоро аз мусибатҳошон наҷот дод.
[14] Онҳоро аз торикӣ ва зулмот берун овард, ва бандҳошонро барканд.
[15] Бигзор Худовандро барои эҳсони Ӯ ҳамд гӯянд, ва барои корҳои аҷоиби Ӯ аз баҳри банӣ‐одам!
[16] Зеро ки дарҳои мисинро шикастааст, ва ғалақаҳои оҳанинро пора кардааст.
[17] Беақлон аз боиси роҳи ҷинояткоронаи худ ва аз боиси гуноҳҳои худ азият мекашиданд.
[18] Ҷони онҳо аз ҳар хӯрок нафрат дошт, ва ба дарвозаи мамот расида буданд.
[19] Вале дар тангии худ сӯи Худованд фиғон карданд; онҳоро аз мусибатҳошон наҷот дод.
[20] Каломи Худро фиристод, ва онҳоро шифо бахшид, ва онҳоро аз гӯрҳошон халос кард.
[21] Бигзор Худовандро барои эҳсони Ӯ ҳамд гӯянд, ва барои корҳои аҷоиби Ӯ аз баҳри банӣ‐одам!
[22] Ва қурбониҳои шукрона забҳ кунанд, ва аъмоли Ӯро бо тараннум васф намоянд!
[23] Касоне ки бо киштиҳо баҳр мепаймоянд ва дар обҳои бисьёр кор мекунанд,
[24] Онҳо аъмоли Худовандро диданд, ва корҳои аҷоиби Ӯро дар қаърҳо:
[25] Амр фармуд, ва боди тунде бархезонд, ва мавҷҳои онро бардошт.
[26] Ба осмонҳо мебароварданд, ба вартаҳо мефуроварданд; ҷонашон дар мусибат ба ларза афтод.
[27] Мисли мастон чарх мезаданд ва мекалавиданд, ва тамоми ҳикматашон саргум шуд.
[28] Вале дар тангии худ сӯи Худованд фарьёд кашиданд; ва онҳоро аз мусибатҳошон берун овард.
[29] Тундбодро ба хомӯшӣ мубаддал кард, ва мавҷҳои онҳо сокит шуд.
[30] Ва шод шуданд, ки хомӯш гардид; ва онҳоро ба мавзеи дилхоҳашон бурда расонд.
[31] Бигзор Худовандро барои эҳсони Ӯ ҳамд гӯянд, ва барои корҳои аҷоиби Ӯ аз баҳри банӣ‐одам!
[32] Ва Ӯро дар ҷамъомади қавм болобардор кунанд, ва дар маҷлиси пирон Ӯро мадҳ намоянд!
[33] Дарьёҳоро ба биёбон табдил медиҳад, ва чашмаҳои обро ба ташназамин,
[34] Замини ҳосилхезро ба шӯрзамин, аз боиси бадии сокинони он.
[35] Биёбонро ба кӯли об табдил медиҳад, ва замини хушкидаро ба чашмаҳои об.
[36] Ва гуруснагонро дар он ҷо ҷойгир мекунад, ва шаҳри маскун месозанд;
[37] Ва саҳроҳоро кишт мекунанд, ва токзорҳо мешинонанд, ва онҳо ҳосили фаровон меоваранд.
[38] Ва онҳоро баракат медиҳад, ва онҳо бағоят борвар мешаванд; ва чорпои онҳоро кам намекунад.
[39] Вале камшумор мешаванд ва аз фишори бадӣ ва ғаму ғусса ба залолат меафтанд.
[40] Забуниро бар мирон мерезад, ва онҳоро дар бодияи бероҳа сарсону саргардон мекунад.
[41] Валекин мискинро аз залолат боло мебардорад; ва хонаводаҳоро мисли рамаи гӯсфандон сершумор мегардонад.
[42] Росткорон инро дида, шод мешаванд; ва ҳамаи ноинсофон даҳони худро мебанданд.
[43] Касе ки соҳиби ҳикмат аст, ба ин чизҳо диққат медиҳад; ва эҳсонҳои Худовандро хоҳанд фаҳмид.