Skip to content
Opens in a new window

[1] Таронаи Довуд. Худовандо! Туро мехонам, сӯи ман шитоб намо; ба овозам гӯш андоз, вақте ки Туро мехонам.

[2] Бигзор дуоям ба ҳузури Ту мисли бухур мақбул афтад, ва боло кардани кафҳоям мисли ҳадияи шом.

[3] Бар даҳонам, эй Худованд, посбоне бимон, ва дари лабҳоямро нигаҳбонӣ намо.

[4] Диламро ба чизи бад моил нагардон, то ки дар роҳи шарорат бо шахсони бадкирдор амал накунам, ва аз нозу неъмати онҳо начашам.

[5] Одил маро бизанад — эҳсон аст; ва маро мазаммат намояд — равған аст барои сарам, ва сарам ба он монеъ нахоҳад шуд; зеро ки ҳанӯз дуоям бар зидди кирдорҳои бади онҳост.

[6] Доварони онҳо аз болои сахра партофта хоҳанд шуд, ва он гоҳ суханони маро хоҳанд шунид, зеро ки хуш аст.

[7] Мисли он ки замин аз шудгор пора‐пора мешавад, устухонҳои мо дар даҳони гӯристон пароканда хоҳад шуд.

[8] Аммо чашмонам сӯи Туст, эй Худованд, Худованд! Ба Ту паноҳ мебарам, ҷонамро нобуд накун.

[9] Маро аз доме ки барои ман ниҳодаанд, нигоҳдорӣ намо; ва аз тузоқҳои бадкирдорон.

[10] Шарирон дар домҳои худ хоҳанд афтод, дар сурате ки ман сиҳат саломат хоҳам гузашт.

Забур — Chapters