[1] Суруди таълимии Ософ. Эй қавми ман, таълими маро бишнавед, гӯши худро сӯи суханони даҳонам хам кунед.
[2] Даҳонамро ба масал мекушоям, муаммоҳои замони қадимро баён менамоям.
[3] Он чи шунидаем ва донистаем, ва падарони мо ба мо ҳикоят кардаанд,
[4] Аз фарзандони онҳо пинҳон нахоҳем дошт: ҳамду санои Худовандро, ва қуввати Ӯро, ва корҳои аҷоиберо, ки Ӯ кардааст, ба насли оянда ҳикоят хоҳем кард.
[5] Шаҳодате дар Яъқуб барпо кард, ва шариате дар Исроил муқаррар намуд, ва ба падарони мо амр фармуд, ки онҳоро ба фарзандони худ маълум кунанд,
[6] То ки насли оянда, фарзандоне ки таваллуд хоҳанд шуд, бидонанд, ва бархезанду ба фарзандони худ ҳикоят кунанд;
[7] Ва ба Худо таваккал намоянд, ва корҳои Худоро фаромӯш накунанд, ва аҳкоми Ӯро нигоҳ доранд;
[8] Ва монанди падарони худ насли саркаш ва исьёнгар нашаванд, насле ки ростдил набуданд, ва рӯҳашон ба Худо садоқат надошт.
[9] Банӣ‐Эфроим, ки мусаллаҳ ва камондор буданд, дар рӯзи корзор ақиб гаштанд;
[10] Аҳди Худоро нигоҳ надоштанд, ва аз рафтан бо роҳи шариати Ӯ сар кашиданд;
[11] Ва корномаҳои Ӯро, ва корҳои аҷоиберо, ки ба онҳо нишон дод, фаромӯш карданд.
[12] Дар пеши назари падарони онҳо Ӯ дар замини Миср, дар саҳрои Сӯан корҳои аҷоиб кард.
[13] Баҳрро аз ҳам ҷудо кард, ва онҳоро гузаронд, ва обҳоро мисли деворе барқарор намуд.
[14] Ва рӯзона онҳоро бо абр бурд, ва тамоми шаб бо нури оташ.
[15] Дар биёбон кӯҳпораҳоро шикоф кард, ва онҳоро гӯё аз вартаҳои азим нӯшонид.
[16] Ва аз сахра селобҳоро берун овард, ва обҳоро мисли дарьёҳо ҷорӣ кард.
[17] Ва боз пеши Ӯ хато карданд, ба Ҳаққи Таоло дар биёбон беитоатӣ нишон доданд.
[18] Ва Худоро дар дили худ озмуда, ба муддаои нафси худ хӯрок хостанд.
[19] Ва бар зидди Худо сухан ронда, гуфтанд: «Оё Худо дар биёбон суфра ороста метавонад?
[20] Инак, кӯҳпораро зад, ва обҳо ҷорӣ шуд, ва ҷӯйборҳо равон шуд. Оё нон ҳам дода метавонад? Оё барои қавми Худ гӯшт муҳайё карда метавонад?»
[21] Худованд инро шунида, дар қаҳр шуд, ва оташ бар Яъқуб даргирифт, ва ғазаб бар Исроил аланга зад.
[22] Зеро ки ба Худо имон наоварданд, ва ба наҷоти Ӯ таваккал накарданд.
[23] Ва афлокро аз боло амр фармуд, ва дарҳои осмонро воз кард,
[24] Ва маннро бар онҳо боронид, то бихӯранд, ва нони осмонро ба онҳо ато кард.
[25] Одамизод нони малоикро бихӯрд; тӯша барои онҳо фиристод, ки сер шаванд.
[26] Боди шарқиро дар осмон вазонид, ва бо қуввати Худ боди ҷанубиро бархезонид.
[27] Ва бар онҳо гӯштро мисли ғуборе боронид, ва мурғони болдорро мисли реги баҳр.
[28] Ва дар миёни бошишгоҳи онҳо, дар қарибии масканҳошон фурӯ ғалтонид.
[29] Ва хӯрданд ва хеле сер шуданд; ва мувофиқи ҳирсашон ба онҳо дод.
[30] Аз ҳирсашон даст накашиданд; ҳанӯз хӯрокашон дар даҳонашон буд,
[31] Ва ғазаби Худо бар онҳо аланга зад, ва фарбеҳони онҳоро бикушт, ва ҷавонони Исроилро нест кард.
[32] Бо вуҷуди ин боз хато карданд, ва ба корҳои аҷоиби Ӯ имон наоварданд.
[33] Ва рӯзҳои онҳоро дар оворагардӣ, ва солҳошонро дар тарсу ҳарос нобуд кард.
[34] Вақте ки онҳоро мекушт, талабгори Ӯ мешуданд, ва руҷӯъ намуда, Худоро меҷустанд.
[35] Ва ба ёд меоварданд, ки Худо кӯҳпораи онҳост, ва Худои Таоло раҳокунандаи онҳост.
[36] Ва бо даҳони худ пеши Ӯ тамаллуқ мекарданд, ва бо забони худ ба Ӯ дурӯғ мегуфтанд,
[37] Аммо дилашон бо Ӯ рост набуд, ва ба аҳди Ӯ садоқат надоштанд.
[38] Валекин Ӯ, ки раҳим аст, гуноҳашонро кафорат намуда, онҳоро нест намекард, балки борҳо қаҳри Худро боздошта, тамоми ғазаби Худро барнаангехтааст.
[39] Ва дар хотир дорад, ки онҳо башаранд, боде ҳастанд, ки меравад ва гашта намеояд.
[40] Чандин бор дар биёбон Ӯро ба хашм оварданд, дар бодия Ӯро оташин карданд.
[41] Ва гашта‐баргашта Худоро озмуданд, ва Куддуси Исроилро хорӣ доданд.
[42] Дасти Ӯро дар хотир надоштанд, ва рӯзеро, ки аз тангӣ онҳоро раҳо кард,
[43] Яъне дар Миср аломоти Худро, ва дар саҳрои Сӯан мӯъҷизоти Худро нишон дод:
[44] Ва дарьёҳои онҳоро, ва селобҳои онҳоро ба хун табдил дод, то ки нӯшида натавонанд.
[45] Бар онҳо ҳашаротро фиристод, ки онҳоро газиданд; ғукҳоро низ, ки онҳоро нобуд карданд.
[46] Ҳосилоти онҳоро ба кирмак дод, ва меҳнати онҳоро ба малах.
[47] Токзори онҳоро бо жола кушт, ва дарахтони ҷумизи онҳоро бо яхча.
[48] Чорвои онҳоро ба жола супурд, ва рамаҳои онҳоро ба шӯълаҳои барқ.
[49] Бар онҳо оташи хашми Худро равона кард: қаҳр, ва ғазаб, ва мусибатро бо фиристодани малоики мусибат.
[50] Роҳе барои ғазаби Худ сохта, ҷони онҳоро аз мамот маҳфуз надошт, балки ҳаёташонро ба вабо супурд.
[51] Ва ҳамаи нахустзодагонро дар Миср зарба зад, ибтидои қувватро дар хаймаҳои Ҳом.
[52] Ва қавми Худро мисли гӯсфандон бурд; ва онҳоро мисли рамае дар биёбон роҳбарӣ мекард.
[53] Ва онҳоро дар осудагӣ ҳидоят менамуд, то. ки ҳаросон нашаванд; ва душманони онҳоро баҳр дар худ ниҳон кард.
[54] Ва онҳоро ба ҳудуди муқаддаси Худ овард, ба кӯҳе ки ямини Ӯ пайдо карда буд.
[55] Ва халқҳоро аз пеши онҳо бадар ронд, ва заминашонро ба таври мерос қуръа партофт, ва дар хаймаҳошон сибтҳои Исроилро сокин кард.
[56] Вале боз Худои Таолоро озмуданду ба хашм оварданд, ва шаҳодоти Ӯро риоя накарданд.
[57] Ва ақиб гашта, мисли падарони худ хиёнат карданд, мисли камони ҳилагар чаппа рафтанд.
[58] Ва дар теппаҳои худ Ӯро хашмгин карданд, ва бо бутҳои худ рашки Ӯро оварданд.
[59] Худо шунида, дар қаҳр шуд, ва аз Исроил хеле нафрат кард.
[60] Ва маскани Шилӯро тарк кард, яъне хаймаеро, ки дар миёни одамон дошт.
[61] Ва қуввати Худро ба асирӣ дод, ва ҷалолати Худро ба дасти душман.
[62] Ва халқи Худро ба шамшер таслим кард, ва аз мероси Худ дар қаҳр шуд.
[63] Ҷавонони варо оташ хӯрд, ва ба духтарони вай сурудҳои никоҳ намехонданд.
[64] Коҳинони вай дар ҷанг афтоданд, ва бевазанони вай навҳа намекарданд.
[65] Ва Худованд, мисли он ки дар хоб бошад, бедор шуд, мисли паҳлавоне ки аз шароб хурӯш мекунад,
[66] Ва душманони варо зарба зада, пас гардонд, ба нанги абадӣ онҳоро гирифтор кард.
[67] Ва аз хаймаи Юсуф нафрат кард, ва сибти Эфроимро интихоб накард,
[68] Балки сибти Яҳудоро баргузид, яъне кӯҳи Сионро, ки дӯст медошт.
[69] Ва қудси Худро мисли афрозҳо бино кард, мисли замине ки буньёди онро Ӯ ба сурати абадӣ ниҳодааст.
[70] Ва бандаи Худ Довудро баргузид, ва ӯро аз оғилҳои гӯсфандон гирифт;
[71] Аз пеши мешҳои ширдеҳ ӯро овард, то ки қавми Ӯ — Яъқубро, ва мероси Ӯ — Исроилро чӯпонӣ кунад.
[72] Ва ӯ онҳоро бо дили софи худ чӯпонӣ кард, ва бо маҳорати кафҳои худ ҳидоят намуд.