Skip to content
Opens in a new window

[1] Худовандро ҳамд гӯед, исми Ӯро бихонед; корномаҳои Ӯро дар байни қавмҳо шӯҳрат диҳед.

[2] Дар шаъни Ӯ суруд хонед, Ӯро бисароед; аз ҳамаи корҳои аҷоиби Ӯ сухан ронед.

[3] Ба исми қуддуси Ӯ фахр кунед; бигзор дили толибони Худованд шод бошад.

[4] Худованд ва қуввати Ӯро ҷӯё шавед; рӯи Ӯро ҳамеша толиб бошед.

[5] Корҳои аҷоиберо, ки Ӯ кардааст, ба ёд оваред: мӯъҷизоти Ӯро, ва довариҳои даҳони Ӯро,

[6] Эй зурьёти бандаи Ӯ Иброҳим, эй банӣ‐Яъқуб, ки баргузидагони Ӯ ҳастед.

[7] Ӯ Худованд Худои мост; довариҳои Ӯ дар тамоми замин аст.

[8] Аҳди Худро то абад дар хотир дорад, ва каломеро, ки ба ҳазор насл амр фармудааст,

[9] Он аҳдеро, ки бо Иброҳим бастааст, ва қасамеро, ки барои Исҳоқ ёд кардааст,

[10] Ва онро барои Яъқуб ба ҳукми қонун даровардааст, ва барои Исроил ба ҳукми аҳди абадӣ,

[11] Яъне гуфтааст: «Замини Канъонро ба ту хоҳам дод, то ки ҳиссаи мероси шумо шавад»;

[12] Дар сурате ки онҳо ҳанӯз одамони башумор буданд; хеле кам ва ғариб дар он ҷо буданд;

[13] Ва аз халқе сӯи халқе овора шуда мегаштанд, аз мамлакате сӯи қавми дигаре.

[14] Нагузошт, ки касе онҳоро озор диҳад; ва подшоҳонро аз барои онҳо танбеҳ кард:

[15] «Ба масеҳони Ман даст нарасонед, ва ба анбиёи Ман бадӣ накунед».

[16] Ва қаҳтиро бар замин бихонд; ҳамаи манбаъҳои нонро нобуд кард.

[17] Пеш аз онҳо мардеро фиристод: Юсуф ба ғуломӣ фурӯхта шуд.

[18] Пойҳои ӯро бо завлона азият доданд; оҳан бар ҷонаш омад,

[19] То даме ки сухани ӯ ба амал омад: Сухани Худованд ӯро покиза кард.

[20] Подшоҳ кас фиристод ва бандҳои ӯро кушод; ва ҳукмфармои қавмҳо ӯро озод кард.

[21] Ӯро бар хонаи худ оғо таъин кард, ва ҳукмфармо бар тамоми мулки худ,

[22] То ки мирони ӯро ба салоҳдиди худ бандӣ кунад, ва пирони ӯро ҳикмат омӯзад.

[23] Ва Исроил ба Миср омад, ва Яъқуб дар замини Ҳом ғурбатро ихтиёр кард.

[24] Ва қавми Худро бағоят борвар кард, ва онҳоро аз адуёнашон пурзӯртар гардонд.

[25] Дили онҳоро чап кард, то ки бо қавми Ӯ ба кин бошанд, ва бар зидди бандагони Ӯ найрангҳо созанд.

[26] Бандаи Худ Мусоро фиристод; Ҳорунро низ, ки баргузида буд.

[27] Суханони таъкиди Ӯро бо аломот ба онҳо пешниҳод карданд, ва мӯъҷизотро дар замини Ҳом.

[28] Зулмотро фиристод, ва торик шуд; ва ба каломи Ӯ муқобилат накарданд.

[29] Обҳои онҳоро ба хун табдил дод, ва моҳиёни онҳоро миронид.

[30] Замини онҳо аз ғукҳо пур шуд; хонаҳои подшоҳонашон низ.

[31] Гуфт, ва ҳашароти гуногун пайдо шуд, шабушҳо низ дар тамоми ҳудуди онҳо.

[32] Ба ҷои борон бар онҳо жола боронид, ва оташи сӯзон бар замини онҳо.

[33] Токҳо ва анҷирҳои онҳоро зад, ва дарахтҳоро дар ҳудуди онҳо шикаст.

[34] Гуфт, ва малах пайдо шуд, ва кирмак, ки сону шумор надошт.

[35] Ва тамоми сабзаро дар замини онҳо хӯрданд, ва самараи саҳроҳои онҳоро хӯрданд.

[36] Ва ҳар нахустзодаро дар замини онҳо зарба зад, ибтидои тамоми қуввати онҳоро.

[37] Ва онҳоро бо тилло ва нуқра берун овард, ва дар сибтҳои Ӯ бемаҷоле набуд.

[38] Миср аз баромада рафтани онҳо шод шуд, зеро ки тарсашон онҳоро фаро гирифта буд.

[39] Абре барои сояандозӣ паҳн кард, ва оташе барои он ки шабона рӯшноӣ диҳад.

[40] Талаб карданд, ва бедонаҳоро фиристод, ва аз нони осмон онҳоро сер кард.

[41] Кӯҳпораро шикоф кард, ва об ҷорӣ шуд, дар ҷойҳои хушк мисли дарьё равон шуд.

[42] Зеро ки каломи муқаддаси Худро ба ёд овард, ва бандаи Худ Иброҳимро.

[43] Ва қавми Худро бо шодӣ берун овард, ва баргузидагони Худро бо тараннум.

[44] Ва заминҳои халқҳоро ба онҳо дод, ва меҳнати қабилаҳоро мерос гирифтанд,

[45] То ки фароизи Ӯро нигоҳ доранд, ва шариати Ӯро риоя кунанд. Ҳалелуёҳ!

Забур — Chapters