[1] Таронаи Довуд. Замин ва ҳар чӣ дар он аст, дуньё ва сокинони он аз они Худованд аст;
[2] Зеро ки Ӯ онро бар баҳрҳо буньёд кардааст ва бар дарьёҳо барқарор намудааст.
[3] Кист, ки ба кӯҳи Худованд барояд, ва кист, ки дар мақоми муқаддаси Ӯ биистад?
[4] Каси покизадаст ва покдил, ки ҷонаш ба орзуҳои беҳуда нигаронида нашуда бошад, ва қасами дурӯғ нахӯрда бошад, —
[5] Баракат аз Худованд ва хайр аз Худои наҷотдиҳандаи худ хоҳад ёфт.
[6] Ин аст насли толибони Ӯ, толибони рӯи Ту, эй Худои Яъқуб! Село.
[7] Эй дарвозаҳо, сарҳои худро баланд кунед! Ва эй дарҳои қадим, бардошта шавед! Подшоҳи ҷалол меояд!
[8] Кист ин Подшоҳи ҷалол? — Худованди қодир ва ҷаббор, Худованде ки дар ҷанг ҷаббор аст.
[9] Эй дарвозаҳо, сарҳои худро баланд кунед! Ва эй дарҳои қадим, бардошта шавед! Подшоҳи ҷалол меояд!
[10] Кист Ӯ, ин Подшоҳи ҷалол? — Худованди лашкарҳост, ки Ӯ Подшоҳи ҷалол аст. Село.