[1] Барои сардори муғанниён бар сози Ҷот. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ.
[2] Чӣ дилпазир аст масканҳои Ту, эй Худованди лашкарҳо!
[3] Ҷонам иштиёқманд ва беҳол аст барои саҳнҳои Худованд; дилам ва ҷисмам сӯи Худои Ҳай тараннум менамоянд.
[4] Мурғак низ хонае барои худ пайдо мекунад, ва гунҷишк лонае, то ки чӯҷаҳояшро дар он бимонад, назди қурбонгоҳҳои Ту, эй Худованди лашкарҳо, эй Подшоҳи ман ва Худои ман!
[5] Хушо сокинони хонаи Ту, ки Туро гашта‐баргашта мадҳ менамоянд. Село.
[6] Хушо касоне ки қувваташон дар Туст, ва тариқҳоят дар дили онҳост.
[7] Вақте ки аз водии ашкбор мегузаранд, онро чашмасор мегардонанд; борон низ онро бо баракат мепӯшад.
[8] Ҳангоми рафтан бар қувваташон қувват меафзояд; дар Сион пеши Худо ҳозир мешаванд.
[9] Худовандо, Худои лашкарҳо! Дуои маро бишнав; эй Худои Яъқуб, гӯш андоз! Село.
[10] Сипари моро бубин, эй Худо, ва бар рӯи масеҳи Худ назар андоз;
[11] Ба яқин як рӯз дар саҳнҳои Ту беҳтар аст аз ҳазор: афзал донистаам, ки назди остонаи хонаи Худо биистам, назар ба он ки дар хаймаҳои шарорат сокин бошам.
[12] Зеро ки Худованд Худо офтоб ва сипар аст; Худованд меҳр ва ҷалол хоҳад бахшид; касони ростравро аз некӯӣ маҳрум нахоҳад кард.
[13] Эй Худои лашкарҳо! Хушо касе ки ба Ту таваккал мекунад.