Skip to content
Opens in a new window

[1] Суруди таълимии Ософ. Чаро, эй Худо, моро ба сурати абадӣ партофтаӣ? Ва ғазаби Ту бар гӯсфандони чарогоҳат аланга гирифтааст?

[2] Ҷамоаи Худро, ки аз қадим харидаӣ ва раҳо кардаӣ, то ки сибти мероси Ту гардад, ба ёд ор; кӯҳи Сионро низ, ки бар он сокин шудаӣ.

[3] Пойҳои Худро сӯи харобаҳои абадӣ бардор: ҳар чиро, ки дар қудс буд, душман несту нобуд кардааст.

[4] Хасмҳоят дар дохили маъбади Ту наъра мезананд; ливоҳои худро ҳамчун аломот гузоштаанд;

[5] Монанди касоне буданд, ки табарҳоро бар шохаҳои ба ҳам печидаи дарахтон баланд мекунанд;

[6] Ва ҳоло ҳамаи кандакориҳои онро бо табару тешаҳо шикастаанд;

[7] Қудси Туро оташ задаанд; маскани исми Туро то ба замин ҳаром кардаанд;

[8] Дар дили худ гуфтаанд: «Онҳоро аз як сар нест мекунем», — ва ҳамаи куништҳои Худоро дар замин сӯзондаанд.

[9] Аломоти худро намебинем; дигар набие нест, ва дар миёни мо касе нест, ки бидонад, то ба кай чунин хоҳад буд.

[10] То ба кай, эй Худо, аду мазаммат хоҳад кард? Ва душман исми Туро доим таҳқир хоҳад кард?

[11] Чаро дасти Худро, ва ямини Худро қафо гардондаӣ? Онро аз бағали Худ бароварда, кори онҳоро тамом кун!

[12] Ва Ту, эй Худо, аз қадим подшоҳи ман ҳастӣ; Ту андаруни замин наҷотҳо ба амал меовардӣ.

[13] Ту бо қуввати Худ баҳрро пора кардаӣ, сарҳои тимсоҳҳоро дар об шикастаӣ.

[14] Ту сарҳои аждарро кӯфтаӣ, онро барои хӯроки биёбоннишинон додаӣ.

[15] Ту чашма ва селоб кушодаӣ; Ту дарьёҳои серобро хушконидаӣ.

[16] Рӯз аз они Туст, шаб низ аз они Туст; Ту найир ва офтобро барқарор кардаӣ.

[17] Ту тамоми ҳудуди заминро муқаррар намудаӣ; тобистон ва зимистонро Ту ба вуҷуд овардаӣ.

[18] Инро ба ёд ор, ки душман Худовандро мазаммат менамояд, ва мардуми нокас исми Туро таҳқир мекунанд.

[19] Ҷони фохтаи Худро ба дарранда насупор; ҳаёти мискинони Худро ба сурати абадӣ фаромӯш накун.

[20] Ба аҳди Худ назар андоз; зеро ки тамоми зулмоти замин аз воҳаҳои зулм пур шудааст.

[21] Бигзор мазлум бо хиҷолат барнагардад; мискин ва камбағал исми Туро мадҳ кунанд.

[22] Бархез, эй Худо, доди Худро бигир; ба ёд ор, ки нокасе ҳар рӯз Туро мазаммат мекунад.

[23] Овози хасмҳои Худро фаромӯш накун, ва ғавғои мухолифони Худро, ки доим баланд мешавад.

Забур — Chapters