[1] Ҳалелуёҳ. Эй бандагони Худованд, мадҳ кунед! Исми Худовандро мадҳ кунед!
[2] Исми Худованд муборак бод, аз ҳоло ва то абад!
[3] Аз тулӯи офтоб то ғуруби он исми Худованд мамдӯҳ аст.
[4] Худованд бар ҳамаи халқҳо баланд аст; ҷалоли Ӯ бар осмонҳост.
[5] Кист монанди Худованд Худои мо, ки бар афрозҳо нишаста,
[6] Хам мешавад, то ки бар осмон ва бар замин назар кунад?
[7] Бенаворо аз хок мебардорад, мискинро аз ахлот баланд мекунад,
[8] То ки бо мирон шинонад, бо мирони қавми Худ.
[9] Зани нозойро дар хона мешинонад ҳамчун модаре ки аз фарзандонаш шодмон аст. Ҳалелуёҳ!
Забур — Chapters
123456789101112131415161718192021222324252627282930313233343536373839404142434445464748495051525354555657585960616263646566676869707172737475767778798081828384858687888990919293949596979899100101102103104105106107108109110111112113114115116117118119120121122123124125126127128129130131132133134135136137138139140141142143144145146147148149150