Skip to content
Opens in a new window

[1] Худовандро, эй Ерусалим, ситоиш бикун; Худои худро, эй Сион, мадҳ намо;

[2] Зеро ки Ӯ ғалақаҳои дарвозаҳоятро мустаҳкам мекунад; фарзандонатро андаруни ту баракат мефармояд.

[3] Дар ҳудуди ту сулҳу осоиштагӣ барқарор менамояд; туро аз мағзи гандум сер мегардонад.

[4] Сухани Худро ба замин мефиристад: сухани Ӯ бағоят зуд паҳн мешавад.

[5] Барфро мисли пашм меборонад; қиравро мисли хокистар мепошад.

[6] Жолаи Худро мисли нонҳои майда мепартояд; кист, ки пеши сармои Ӯ истода тавонад?

[7] Каломи Худро мефиристад ва онҳоро об мекунад; боди Худро мевазонад, ва обҳо ҷорӣ мешавад.

[8] Каломи Худро ба Яъқуб баён намудааст, фароизи Худ ва дастурҳои Худро ба Исроил.

[9] Ба ҳеҷ як халқ чунин накардааст, ва дастурҳоро онҳо намедонанд. Ҳалелуёҳ!

Забур — Chapters