Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.

[2] Эй Худо, овозамро бишнав, вақте ки зорӣ мекунам; ҷонамро аз бими душман нигаҳбонӣ намо.

[3] Маро аз қасди бадкешон пинҳон бикун, ва аз ҳаёҳуи бадкирдорон,

[4] Ки забони худро мисли шамшер тез кардаанд, тирҳои худ — суханони талхро ба зеҳ овардаанд,

[5] То ки аз камингоҳи худ ба беайбе биандозанд; баногоҳ ба вай меандозанд ва наметарсанд.

[6] Ба бадкории худ қоиманд; барои ниҳодани домҳои ниҳонӣ забон як мекунанд; мегӯянд: «Кист, ки моро бубинад?»

[7] Ноинсофиҳо меандешанд, ва мегӯянд: «Андешаи хубе кардаем»; ва умқи ботину дили ҳар яке пур аз макр аст.

[8] Валекин Худо ба онҳо тир хоҳад андохт: баногоҳ зарбаҳо хоҳанд хӯрд.

[9] Ва бо забонҳои худ ба худашон шикаст хоҳанд расонд; ҳар кӣ онҳоро бинад, бо нафрат калла хоҳад ҷунбонд.

[10] Он гоҳ ҳамаи одамон хоҳанд тарсид, ва корномаи Худоро эълон хоҳанд намуд, ва аъмоли Ӯро фаҳм хоҳанд кард.

[11] Одил дар Худованд шодӣ карда, ба Ӯ паноҳ хоҳад бурд, ва ҳамаи ростдилон фахр хоҳанд кард.

Забур — Chapters