[1] Барои сардори муғанниён, Едутун. Таронаи Ософ.
[2] Овозам сӯи Худост, ва фарьёд мекашам; овозам сӯи Худост, ва ба ман гӯш хоҳад андохт.
[3] Дар рӯзи тангии худ Худовандро талабидам; дастам шабона дароз карда шуд, бе он ки фуроварда шавад; аз ин ҳам ҷонам тасаллӣ наёфт.
[4] Худоро ёд мекунам ва оҳи ҷигарсӯз мекашам; фикру хаёл мекунам, ва рӯҳам бемадор мешавад. Село.
[5] Чашмонамро бедор медорӣ; музтариб шудаам ва наметавонам сухане гӯям.
[6] Дар бораи айёми қадим андеша мекунам, дар бораи солҳои салафут.
[7] Сурудҳои шабонаи худро ба ёд меоварам, бо дили худ фикру хаёл мекунам, ва рӯҳам ҷӯёст:
[8] Магар Худованд ба сурати абадӣ тарк кардааст, ва дигар таваҷҷӯҳ нахоҳад намуд?
[9] Магар эҳсони Ӯ ба сурати абадӣ хотима ёфтааст, ва қавли Ӯ то абадуддаҳр ботил шудааст?
[10] Магар Худо омурзишро фаромӯш кардааст? Магар марҳаматҳои Худро дар вақти хашм бас кардааст? Село.
[11] Ва гуфтам: «Ин мусибати ман аст, ки ямини Ҳаққи Таоло тағьир ёфтааст».
[12] Амалиёти Худовандро зикр хоҳам кард, зеро корҳои аҷоиби Туро, ки аз кадим аст, дар хотир дорам.
[13] Ва дар тамоми аъмоли Ту диққат хоҳам намуд, ва дар бораи корномаҳои Ту фикру хаёл хоҳам кард.
[14] Худоё! Тариқи Ту дар қудсият аст. Кист Худои бузург мисли Худо?
[15] Ту Худое ҳастӣ, ки корҳои аҷоиб мекунӣ; қуввати Худро дар миёни қавмҳо зоҳир сохтаӣ.
[16] Қавми Худро бо бозу раҳо кардаӣ; банӣ‐Яъқуб ва банӣ‐Юсуфро. Село.
[17] Туро, эй Худо, обҳо дид, Туро обҳо дида, туғьён кард; вартаҳо низ мутазалзил шуд.
[18] Абрҳо об рехт, афлок овоз дод; тирҳои Ту низ ба парвоз шуд.
[19] Овози раъди Ту дар чархи фалак шунида шуд, барқҳо ҷаҳонро равшан кард; замин биларзиду ба раъша омад.
[20] Тариқи Ту дар баҳр аст, ва роҳи Ту дар обҳои азим; ва изҳои Ту номаълум.
[21] Қавми Худро мисли гӯсфандон бо дасти Мусо ва Ҳорун бурдӣ.