[1] Суруди сууд. Чашмонамро сӯи кӯҳҳо менигаронам. Мадади ман аз куҷо меояд?
[2] Мадади ман аз ҷониби Худованд аст, ки Ӯ осмон ва заминро офаридааст.
[3] Ӯ нахоҳад гузошт, ки поят билағҷад: нигаҳбонат пинак нахоҳад кард.
[4] Инак, нигаҳбони Исроил пинак нахоҳад кард ва хоб нахоҳад рафт.
[5] Худованд нигаҳбони туст; Худованд соябони туст ба ямини ту.
[6] Рӯзона офтоб туро нахоҳад зад, ва шабона — моҳ.
[7] Худованд туро аз ҳар бадӣ нигоҳ хоҳад дошт, ҷонатро нигоҳдорӣ хоҳад кард.
[8] Худованд баромаданатро, ва омаданатро нигоҳдорӣ хоҳад кард, аз ҳоло ва то абад.
Забур — Chapters
123456789101112131415161718192021222324252627282930313233343536373839404142434445464748495051525354555657585960616263646566676869707172737475767778798081828384858687888990919293949596979899100101102103104105106107108109110111112113114115116117118119120121122123124125126127128129130131132133134135136137138139140141142143144145146147148149150