Skip to content
Opens in a new window

[1] Ҳалелуёҳ. Зеро ки некӯст Худои моро сароидан; зеро ки ин дилпазир аст: ҳамду санои шоиста аст.

[2] Худованд Ерусалимро бино мекунад, парокандагони Исроилро ҷамъ меоварад;

[3] Дилшикастагонро шифо мебахшад, ва ҷароҳатҳои онҳоро мебандад;

[4] Миқдори ситораҳоро ба ҳисоб мегирад: ҳамаи онҳоро бо номҳошон мехонад.

[5] Худованди мо бузург аст ва пурқувват; хиради Ӯ беҳадду беканор аст.

[6] Ҳалимонро Худованд тақвият медиҳад; шариронро то ба замин паст мезанад.

[7] Дар шаъни Худованд бо шукрона суруд хонед; Худои моро бо барбат бисароед,

[8] Ки Ӯ осмонро бо абрҳо мепӯшонад, барои замин борон муҳайё мекунад, бар кӯҳҳо алаф месабзонад.

[9] Ба чорпо хӯрок медиҳад, ва ба бачаҳои зоғ, ки сӯи Ӯ мехонанд.

[10] На ба иқтидори асп рағбат дорад, на ба соқҳои одам таваҷҷӯҳ мекунад:

[11] Худованд ба тарсгорони Худ таваҷҷӯҳ менамояд, ва ба онҳое ки ба эҳсони Ӯ умедворанд.

Забур — Chapters