Skip to content
Opens in a new window

[1] Таронаи Довуд. Ба бадкешон рашк накун, аз ноинсофон ҳасад набар,

[2] Зеро ки онҳо мисли алаф ба зудӣ даравида хоҳанд шуд, ва мисли сабза пажмурда хоҳанд шуд.

[3] Ба Худованд таваккал намо ва некӣ бикун; дар замин сокин бош ва ростиро ҳифз намо.

[4] Ва дар Худованд тасаллӣ хоҳӣ ёфт, ва Ӯ муроди дилатро ба ту ато хоҳад кард.

[5] Роҳи худро ба Худованд бисупор, ва ба Ӯ таваккал намо, ва Ӯ ба ҷо хоҳад овард,

[6] Ва адолати туро мисли нур, ва инсофи туро мисли нимрӯз ба зуҳур хоҳад овард.

[7] Пеши Худованд сокит бош ва ба Ӯ умед банд. Ба касе ки роҳаш барор ёфтааст, ба шахси дасисакор рашк накун.

[8] Аз хашм даст бикаш, ва ғазабро тарк намо; рашк накун, ки ин боиси бадкорӣ хоҳад шуд,

[9] Зеро ки бадкешон маҳв хоҳанд шуд, валекин умедворони Худованд вориси замин хоҳанд буд.

[10] Боз андак сабр кун, ва шарир боқӣ нахоҳад монд; ба маконаш назар хоҳӣ андохт, ва ӯ нахоҳад буд.

[11] Аммо ҳалимон вориси замин хоҳанд буд, ва аз осудагии бисьёр лаззат хоҳанд бурд.

[12] Шарир ба одил қасди бад мекунад, ва дандонҳои худро бар ӯ ғиҷиррос мезанонад;

[13] Аммо Худованд ба ҳоли вай механдад, зеро мебинад, ки рӯзи вай меояд.

[14] Шарирон шамшер бараҳна мекунанд ва камони худро мекашанд, то ки камбағал ва мискинро ғалтонанд ва ростравонро қатл кунанд.

[15] Шамшери онҳо ба дили худашон фурӯ хоҳад рафт, ва камонҳои онҳо хоҳад шикаст.

[16] Чизи ками одил беҳ аз сарвати шарирони бисьёр,

[17] Зеро ки бозувони шарирон хоҳад шикаст, вале одилонро Худованд тақвият медиҳад.

[18] Худованд рӯзҳои беайбонро медонад, ва мероси онҳо то абад хоҳад буд.

[19] Дар вақти мусибат хиҷил нахоҳанд шуд, ва дар айёми қаҳтӣ сер хоҳанд буд,

[20] Аммо шарирон нест хоҳанд шуд, ва душманони Худованд мисли шукӯҳи марғзорҳо фано хоҳанд шуд, мисли дуд фано хоҳанд шуд.

[21] Шарир қарз мегирад ва адо намекунад, вале одил эҳсон мекунад ва медиҳад;

[22] Зеро онҳое ки Ӯ муборак хондааст, вориси замин хоҳанд буд, вале онҳое ки Ӯ малъун хондааст, маҳв хоҳанд шуд.

[23] Худованд қадамҳои мардро барқарор мекунад, ва ба роҳи вай таваҷҷӯҳ менамояд,

[24] Ба тавре ки вай афтад ҳам, сахт афканда намешавад, зеро ки Худованд дасташро мегирад.

[25] Ҷавон будам ва ҳоло пир шудаам, ва одилеро надидаам, ки партофта шуда бошад, ва наслаш нон мепурсида бошанд:

[26] Вай ҳар рӯз мебахшад ва қарз медиҳад, ва насли вай баракат хоҳанд ёфт.

[27] Аз бадӣ дур шав ва некӣ бикун, ва то абад сукунат хоҳӣ кард,

[28] Зеро ки Худованд инсофро дӯст медорад, ва порсоёни Худро тарк нахоҳад кард; онҳо то абад маҳфуз хоҳанд буд; ва насли шарирон маҳв хоҳанд шуд.

[29] Одилон вориси замин хоҳанд буд, ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард.

[30] Даҳони одил ҳикматро баён мекунад, ва забони ӯ инсофро ифода менамояд.

[31] Шариати Худои ӯ дар дили ӯст; қадамҳояш суст нахоҳад шуд.

[32] Шарир одилро поида мегардад, ва дар паи куштани ӯст;

[33] Лекин Худованд ӯро ба дасти вай намесупорад, ва чун кораш ба мурофиа оид шавад, намегузорад, ки ӯро айбдор кунанд.

[34] Ба Худованд умед банд ва тариқи Ӯро риоя намо; ва Ӯ туро баланд хоҳад кард, то ки вориси замин гардӣ; ҳангоми маҳв шудани шарирон инро хоҳӣ дид.

[35] Шарири ситамгареро дидаам, ки мисли дарахти сершохаи сабзу хуррам дар як ҷо чуқур реша давонда буд;

[36] Ва ӯ гузашта рафт, ва инак нест шудааст; ва ӯро ҷустуҷӯ кардам, ва ёфт нашуд.

[37] Ба беайб назар андоз ва росткорро бубин, зеро ки оянда ба шахси сулҳҷӯ тааллуқ дорад,

[38] Ва ҷинояткорон аз як сар маҳв хоҳанд шуд; фарҷоми шарирон нест шудан аст.

[39] Наҷоти одилон аз Худованд аст; дар вақти тангӣ Ӯ истеҳкоми онҳост;

[40] Ва Худованд ба онҳо мадад хоҳад кард ва онҳоро халосӣ хоҳад дод; онҳоро аз шарирон халосӣ хоҳад дод, ва онҳоро наҷот хоҳад бахшид, зеро ки онҳо ба Ӯ паноҳ мебаранд.

Забур — Chapters