Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён бар созҳои нафасӣ. Таронаи Довуд.

[2] Ба суханонам, эй Худованд, гӯш андоз, андешаҳоямро бифаҳм.

[3] Овози истиғосаамро бишнав, эй Подшоҳи ман ва Худои ман! Зеро ки ба Ту дуо мегӯям.

[4] Худовандо! Саҳаргоҳон овозамро бишнав, — саҳаргоҳон пеши Ту ҳозир мешавам, ва интизорӣ мекашам,

[5] Зеро ки Ту Худои шароратхоҳ нестӣ: назди Ту бадкеш сокин нахоҳад шуд;

[6] Лофакиён пеши назари Ту нахоҳанд истод: аз ҳамаи бадкирдорон нафрат дорӣ.

[7] Дурӯғгӯёнро нобуд хоҳӣ кард; Худованд аз хунхӯр ва маккор кароҳат дорад.

[8] Валекин ман, аз бисьёрии эҳсони Ту, ба хонаи Ту дохил хоҳам шуд, ва бо тарси Ту ба қасри қудси Ту саҷда хоҳам кард.

[9] Худовандо! Ба ман, бар хилофи иродаи мухолифонам, дар адолати худ роҳнамо шав; роҳи Худро пеши ман ҳамвор кун.

[10] Зеро ки дар даҳони онҳо гапи дуруст нест: ботинашон харобист, гулӯяшон қабри кушода аст, бо забонашон тамаллуқ мегӯянд.

[11] Онҳоро, эй Худованд, маҳкум намо, то ки аз қасдҳои бади худ фурӯ ғалтанд; ба сабаби ҷиноятҳои бисьёрашон онҳоро рад намо, зеро ки бар зидди Ту ба шӯр омадаанд.

[12] Ва ҳамаи паноҳбарони Ту хурсанд хоҳанд шуд ва то абад тараннум хоҳанд кард, ва Ту пуштибони онҳо хоҳӣ буд, ва дӯстдорони исми Ту дар Ту шод хоҳанд шуд.

[13] Зеро ки Ту, эй Худованд, одилро баракат медиҳӣ; бо зиреҳи меҳрубонӣ ӯро фаро мегирӣ.

Забур — Chapters