Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.

[2] Худовандо, аз қуввати Ту подшоҳ хурсандӣ мекунад, ва аз наҷоти Ту бисьёр шод мешавад.

[3] Муроди дилашро ба ӯ ато фармудаӣ, ва талабҳои лабонашро рад накардаӣ. Село.

[4] Зеро ки ӯро бо баракатҳои хайрхоҳӣ пешвоз гирифтаӣ, тоҷе аз зари холис бар сари ӯ гузоштаӣ.

[5] Аз Ту ҳаёт пурсид, ба ӯ умри дароз бахшидаӣ то абад.

[6] Ҷалоли ӯ дар наҷоти Ту бузург аст; шукӯҳ ва шавкат бар ӯ овардаӣ.

[7] Зеро ки баракатҳо то абад бар ӯ ниҳодаӣ, бо шодии рӯи Худ ӯро шод кардаӣ;

[8] Зеро ки подшоҳ ба Худованд таваккал мекунад, ва бо эҳсони Ҳаққи Таоло фурӯ нахоҳад ғалтид.

[9] Дасти Ту ҳамаи душманонатро хоҳад ёфт, ямини Ту бадхоҳонатро хоҳад ёфт.

[10] Дар вақти хашми Худ онҳоро мисли танӯри оташ хоҳӣ кард; Худованд дар ғазаби Худ онҳоро фурӯ хоҳад бурд, ва оташ онҳоро хоҳад хӯрд.

[11] Самари онҳоро аз замин маҳв хоҳӣ кард, ва зурьёти онҳоро аз миёни банӣ‐одам.

[12] Вақте ки онҳо қасди бадӣ бар Ту карданд, ва дасисаҳо андешиданд, онро натавонистанд ба амал оваранд.

[13] Онҳоро водор хоҳӣ кард, ки пушт гардонанд; зеҳҳои камони Худро ба рӯи онҳо хоҳӣ кашид.

[14] Дар қуввати Худ, эй Худованд, сарафроз бош: қудрати Туро тараннум хоҳем кард ва хоҳем сароид.

Забур — Chapters