[1] Барои сардори муғанниён. Нобуд накун. Суруди Довуд.
[2] Оё шумо, эй доварон, ҳақиқатан аз рӯи инсоф ҳукм мекунед ва банӣ‐одамро аз рӯи ростӣ доварӣ менамоед?
[3] Ба яқин шумо дар дили худ ноинсофиҳо ба амал меоваред, зулми дастҳои худро дар замин бар тарозу мемонед.
[4] Шарирон аз аввали таваллуди худ каҷ мераванд; аз шиками модар козибон гумроҳ мешаванд.
[5] Заҳри онҳо мисли заҳри мор аст, мисли мори айнакдори кар, ки гӯшашро мепӯшад,
[6] Ва овози афсунгаронро намешунавад, агарчи дар афсун бағоят моҳиранд.
[7] Худоё! Дандонҳои онҳоро дар даҳонашон бишкан; дандонҳои пеши шеронро пора‐пора намо, эй Худованд!
[8] Бигзор онҳо мисли обе ки ҷорист, нест шаванд; вақте ки тирҳои худро омода мекунанд, мисли гард парешон шаванд;
[9] Мисли тӯқумшуллуке ки аз назар ғоиб мешавад, нест шаванд; мисли афгонаи зан рӯи офтобро набинанд;
[10] Пеш аз он ки дегҳои шумо оташи хорҳоро ҳис кунад, ҳам гӯшти нопухта ва ҳам оташро шамол лесида барад.
[11] Одил, чун интиқомро дид, шод хоҳад шуд, пойҳои худро дар хуни шарир хоҳад шуст.
[12] Ва одамизод хоҳад гуфт: «Ба яқин самаре барои одил ҳаст! Ба яқин Худое ҳаст, ки бар замин доварӣ мекунад!»