Skip to content
Opens in a new window

[1] Суруди сууд. Онҳое ки ба Худованд таваккал мекунанд, мисли кӯҳи Сион ҳастанд, ки фурӯ намеғалтад, ва то абад пойдор аст.

[2] Кӯҳҳо гирдогирди Ерусалим аст, ва Худованд гирдогирди қавми Худ, аз ҳоло ва то абад.

[3] Зеро ки асои шарорат бар қисмати одилон қарор нахоҳад ёфт, то ки одилон дастҳои худро ба ноинсофӣ дароз накунанд.

[4] Ба некон, эй Худованд, некӣ кун, ва ба онҳое ки дилашон рост аст. Валекин касоне ки ба каҷравӣ моиланд,

[5] Худованд онҳоро ҳамроҳи бадкирдорон равона хоҳад кард. Сулҳу осоиштагӣ бар Исроил бод!

Забур — Chapters