Skip to content
Opens in a new window

[1] Суруди сууди Довуд. Агар Худованд бо мо намебуд, — Исроил бигӯянд, —

[2] Агар Худованд бо мо намебуд, вақте ки одамон бар мо қиём карданд,

[3] Он гоҳ моро зинда ба зинда фурӯ мебурданд, вақте ки хашмашон бар мо оташ гирифта буд;

[4] Он гоҳ обҳо моро ғарқ мекард, селоб бар ҷони мо мегузашт;

[5] Он гоҳ обҳои хурӯшон бар ҷони мо мегузашт.

[6] Муборак аст Худованд, ки моро тӯъмаи дандонҳои онҳо нагардонд.

[7] Ҷони мо мисли мурғе аз доми сайёдон раҳо шуд; дом вайрон шуд, ва мо раҳоӣ ёфтем.

[8] Мадади мо дар исми Худованд аст, ки Ӯ осмон ва заминро офаридааст.

Забур — Chapters