[1] Суруди сууд. Вақте ки Худованд асирони Сионро баргардонд, мисли хоббинандагон будем.
[2] Он гоҳ даҳони мо аз ханда пур буд, ва забони мо аз тараннум; он гоҳ дар миёни халқҳо мегуфтанд: «Худованд чизҳои бузурге барои онҳо ба амал овард!»
[3] Худованд бо мо корҳои бузурге кард; мо шод гаштем.
[4] Худованд асирони моро баргардонд, мисли маҷроҳои об дар ҷануби хушк.
[5] Онҳое ки бо ашк кишт мекунанд, бо тараннум дарав хоҳанд кард.
[6] Касе ки гирьякунон рафта, халтаи тухмиро мекашонад, бо тараннум баргашта, дарзаҳои худро хоҳад кашонд.
Забур — Chapters
123456789101112131415161718192021222324252627282930313233343536373839404142434445464748495051525354555657585960616263646566676869707172737475767778798081828384858687888990919293949596979899100101102103104105106107108109110111112113114115116117118119120121122123124125126127128129130131132133134135136137138139140141142143144145146147148149150