Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён. Суруди банӣ‐Қӯраҳ бар сози аломӯт.

[2] Худо паноҳгоҳ ва қуввати мост, мададгоре ки дар тангиҳо зуд пайдо мешавад;

[3] Бинобар ин нахоҳем тарсид, агарчи замин мубаддал шавад, кӯҳҳо дар қаъри баҳрҳо ба ҷунбиш оянд,

[4] Обҳои он хурӯшида, туғьён кунанд, ва кӯҳҳо аз ғалаёни он мутазалзил шаванд. Село.

[5] Ҷӯйҳои наҳр шаҳри Худоро хурсанд мекунанд, ки он муқаддастарини масканҳои Ҳаққи Таолост.

[6] Худо андаруни он аст, он фурӯ нахоҳад ғалтид: субҳидам Худо ба он мадад хоҳад кард.

[7] Халқҳо хурӯш бардоштанд; мамлакатҳо фурӯ ғалтиданд: Ӯ овози Худро дод, ва замин ба ларза афтод.

[8] Худованди лашкарҳо бо мост, Худои Яъқуб паноҳгоҳи мост. Село.

[9] Биёед, ба корномаҳои Худованд назар андозед, ки харобиҳо бар замин овардааст:

[10] Ба ҷангҳо то ақсои замин хотима дода, камонро шикастааст ва найзаро пора кардааст, аробаҳоро ба оташ сӯзондааст.

[11] «Бозистед ва бидонед, ки Ман Худо ҳастам: дар миёни халқҳо барафрохта хоҳам шуд, бар замин барафрохта хоҳам шуд».

[12] Худованди лашкарҳо бо мост, Худои Яъқуб паноҳгоҳи мост. Село.

Забур — Chapters