Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд барои ёдоварӣ.

[2] Худоё! Маро халосӣ деҳ; Худовандо! Ба мадади ман шитоб кун.

[3] Бигзор толибони ҷонам хиҷил ва шарманда шаванд; бадхоҳонам қафо гарданд ва расво шаванд;

[4] Онҳое ки «ҳай‐ҳай» мегӯянд, ба сабаби шармандагии худ ақиб гарданд;

[5] Ҳамаи толибони Ту дар Ту шодӣ ва хурсандӣ кунанд, ва дӯстдорони наҷоти Ту доимо гӯянд: «Афзун бод кибриёи Худо!»

[6] Валекин ман камбағал ва мискин ҳастам. Худоё! Сӯи ман шитоб кун: мададгор ва раҳокунандаи ман Ту ҳастӣ; Худовандо! Таъхир накун.

Забур — Chapters