[1] Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон. Худовандо, Худои ман! Бениҳоят бузург ҳастӣ; шукӯҳ ва шавкат пероҳани Туст.
[2] Нурро мисли ридое дар бар мекунӣ, осмонро мисли саропардае паҳн менамоӣ.
[3] Кӯшкҳои фалакии Худро бар обҳо месозӣ, абрҳоро аробаи Худ мегардонӣ, ки он бар болҳои бод ҳаракат мекунад.
[4] Бодҳоро ба фариштагони Худ табдил медиҳӣ, хизматгорони Худро ба оташи сӯзон.
[5] Заминро бар асосҳояш барпо кардаӣ, то абад фурӯ нахоҳад ғалтид.
[6] Бо варта мисли либосе онро пӯшондаӣ; бар кӯҳҳо обҳо меистад.
[7] Аз итоби Ту мегурезанд, аз овози раъди Ту ба зудӣ қафо мегарданд.
[8] Кӯҳҳо боло мераванд, водиҳо поён мефуроянд, ба мақоме ки барояшон буньёд кардаӣ.
[9] Ҳадде гузоштаӣ, то ки аз он нагузаранд ва баргашта, заминро напӯшонанд.
[10] Чашмаҳоро ба наҳрҳо равона кардаӣ: дар миёни кӯҳҳо ҷорӣ мешаванд,
[11] Ҳамаи ҳайвонҳои саҳроро об медиҳанд; гӯрхарон ташнагии худро мешикананд.
[12] Бар онҳо мурғони ҳаво сокин мешаванд, аз миёни навдаҳо овоз медиҳанд.
[13] Кӯҳҳоро аз кӯшкҳои фалакии Худ сероб мегардонӣ; аз самараи аъмоли Ту замин сер мешавад.
[14] Алафро барои чорпо мерӯёнӣ, ва сабзаро барои хизмати одамизод, то ки аз замин нон ҳосил кунад,
[15] Ва шароб, ки дили инсонро шод мегардонад, ва равған, ки рухсори ӯ аз он медурахшад, ва нон, ки дили инсонро қувват мебахшад.
[16] Дарахтони Худованд шодоб мешаванд, яъне арзҳои Лубнон, ки Ӯ шинондааст,
[17] Ки бар онҳо мурғон лона месозанд: сарвҳо хонаи лайлак аст;
[18] Кӯҳҳои баланд барои бузҳои кӯҳист; сахраҳо паноҳгоҳ аст барои заргӯшҳо.
[19] Моҳро барои мӯҳлатҳо офаридааст; офтоб ғуруби худро медонад.
[20] Торикиро паҳн мекунӣ, ва шаб фаро мерасад; дар он ҳамаи ҳайвонҳои ҷангал ҳаракат мекунанд;
[21] Шерони ҷавон барои нахҷир наъра мезананд ва хӯроки худро аз Худо металабанд.
[22] Офтоб ки тулӯъ кард, ҷамъ мешаванд ва дар лонаҳои худ мехобанд.
[23] Одамизод барои фаъолияти худ берун меояд ва то бегоҳӣ бо кори худ машғул мешавад.
[24] Чӣ бисьёр аст аъмоли Ту, эй Худованд! Ҳамаро аз рӯи ҳикмат ба вуҷуд овардаӣ; замин аз офаридаҳои Ту пур аст.
[25] Инак баҳри бузург ва паҳновар: дар он ҷо хазандагон сону шумор надоранд, ҷонварҳои хурд ва калон.
[26] Дар он ҷо киштиҳо мегарданд; ин аждар низ, ки офаридаӣ, то ки бо он бозӣ кунӣ.
[27] Ҳамаашон аз Ту чашми интизор доранд, то ки ризқи онҳоро дар вақташ бирасонӣ.
[28] Он чи ба онҳо медиҳӣ, ҷамъ карда мегиранд; дасти Худро мекушоӣ, аз нозу неъмат сер мешаванд.
[29] Рӯи Худро пинҳон мекунӣ, ошуфта мешаванд; рӯҳи онҳоро кашида мегирӣ, мемиранд ва ба хоки худ бармегарданд.
[30] Рӯҳи Худро мефиристӣ, ба вуҷуд меоянд, ва рӯи заминро нав мегардонӣ.
[31] Ҷалоли Худованд то абад аст; Худованд аз аъмоли Худ шод хоҳад буд.
[32] Ба замин назар меандозад, он ба ларза меояд; ба кӯҳҳо даст мерасонад, онҳо дуд мекунанд.
[33] Тамоми умри худ дар шаъни Худованд суруд хоҳам хонд; то даме ки вучуд дорам, Худои худро хоҳам сароид.
[34] Бигзор гуфтори ман ба Ӯ хуш ояд; ман дар Худованд шод хоҳам буд.
[35] Бигзор хатокорон аз рӯи замин нест шаванд, ва шарирон дигар боқӣ намонанд. Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон! Ҳалелуёҳ!