[1] Суруди сууди Довуд. Шод шудам, вақте ки ба ман гуфтанд: «Ба хонаи Худованд биравем».
[2] Пойҳои мо назди дарвозаҳои ту истодааст, эй Ерусалим, —
[3] Ерусалими ободон, ҳамчун шаҳре ки комилан ба ҳам пайвастааст, —
[4] Ки ба он ҷо сибтҳо, сибтҳои Худованд, сууд мекарданд, то ки, мувофиқи шаҳодати Исроил, исми Худовандро ҳамд гӯянд;
[5] Зеро ки дар он ҷо курсиҳои доварӣ меистод, курсиҳои хонадони Довуд.
[6] Барои Ерусалим сулҳу осоиштагӣ талаб кунед: бигзор дӯстдорони ту некрӯз бошанд!
[7] Бигзор сулҳу осоиштагӣ дар истеҳкомҳои ту бошад, ва некрӯзӣ дар қасрҳои ту!
[8] Ба хотири бародаронам ва ёронам мегӯям, ки сулҳу осоиштагӣ бар ту бод!
[9] Ба хотири хонаи Худованд Худои мо барои ту некӯӣ металабам.
Забур — Chapters
123456789101112131415161718192021222324252627282930313233343536373839404142434445464748495051525354555657585960616263646566676869707172737475767778798081828384858687888990919293949596979899100101102103104105106107108109110111112113114115116117118119120121122123124125126127128129130131132133134135136137138139140141142143144145146147148149150