[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
[2] Маро, эй Худованд, аз одами бад бираҳон; аз шахси золим маро муҳофизат намо,
[3] Ки онҳо дар дил қасдҳои бад доранд, ҳар рӯз ҷангу ҷидол ба миён меоваранд.
[4] Забони худро ба сони мор тез мекунанд: заҳри афъӣ зери лабҳои онҳост. Село.
[5] Маро, эй Худованд, аз дасти шарир нигоҳ дор, аз золим маро муҳофизат намо, ки онҳо қасд доранд пойҳои маро лағжонанд.
[6] Мағрурон барои ман қапқон ва камандҳо пинҳон кардаанд, дар сари роҳ дом ниҳодаанд, тузоқҳо барои ман шинондаанд. Село.
[7] Ба Худованд гуфтам: «Ту Худои ман ҳастӣ! Ба овози зориҳоям, эй Худованд, гӯш андоз!
[8] Худовандо! Худовандо! Эй қуввати наҷотам! Дар рӯзи ҳарбу зарб сари маро пӯшидаӣ.
[9] Орзуҳои шарирро, эй Худованд, ба иҷро нарасон; қасди бадашро ба амал набарор, то ки ҳавобаланд нашавад». Село.
[10] Бигзор сари онҳоеро, ки гирди маро гирифтаанд, хабосати лабҳои худашон бипӯшад.
[11] Бигзор бар онҳо ахгарҳо фурӯ резад; бигзор онҳо дар оташ фурӯ ғалтанд, ва дар ҷарҳо, то ки бархоста натавонанд.
[12] Шахси бадзабон дар замин қоим нахоҳад шуд; золимро бадӣ ба дом дароварда, шикаст хоҳад дод.
[13] Медонам, ки Худованд ба мазлумон додгарӣ ва ба мискинон инсоф хоҳад кард.
[14] Ба яқин одилон исми Туро ҳамд хоҳанд гуфт; росткорон ба ҳузури Ту сокин хоҳанд шуд.