Skip to content
Opens in a new window

[1] Ҳалелуёҳ. Эй ҷонам, Худовандро мадҳ намо.

[2] Тамоми умри худ Худовандро мадҳ хоҳам кард; то даме ки вуҷуд дорам, Худои худро хоҳам сароид.

[3] Ба мирон таваккал накунед, ба фарзанди одам, ки дар вай наҷоте нест:

[4] Рӯҳи вай берун меравад, вай ба хоки худ бармегардад; дар ҳамон рӯз андешаҳои вай нест мешавад.

[5] Хушо касе ки Худои Яъқуб мададгори ӯст, ва умеди ӯ бар Худованд Худои ӯст,

[6] Ки Ӯ осмон ва заминро офаридааст, ва баҳр ва ҳар чиро, ки дар онҳост; Ӯ ростиро то абад нигаҳбонӣ мекунад;

[7] Ба ситамкашон додгарӣ мекунад, ба гуруснагон нон медиҳад; Худованд бандиёнро озод мекунад.

[8] Худованд чашми кӯронро мекушояд; Худованд хамидақоматонро рост мегардонад; Худованд одилонро дӯст медорад.

[9] Худованд ғарибонро нигаҳбонӣ менамояд, ятимон ва бевазанонро тақвият медиҳад, ва роҳи шариронро каҷ мекунад.

[10] Худованд подшоҳӣ хоҳад кард то абад, Худои ту, эй Сион, то абадуддаҳр. Ҳалелуёҳ!

Забур — Chapters