Skip to content
Opens in a new window

[1] Таронаи Довуд. Сӯи Ту, эй Худованд, ҷонамро баланд мекунам.

[2] Эй Худои ман! Ба Ту таваккал кардаам, хиҷил нахоҳам шуд, душманонам бар ман тантана нахоҳанд кард;

[3] Ҳамаи умедворони Ту низ хиҷил нахоҳанд шуд; онҳое ки бесабаб хиёнат мекунанд, хиҷил хоҳанд шуд.

[4] Роҳҳои Худро, эй Худованд, ба ман маълум намо, тариқҳои Худро ба ман таълим деҳ.

[5] Ба ростии Худ маро ҳидоят намо, ва маро таълим деҳ, зеро ки Ту Худои наҷоти ман ҳастӣ; ҳар рӯз ба Ту умедворам.

[6] Худовандо! Марҳаматҳо ва эҳсонҳои Худро ба ёд ор, зеро ки онҳо аз азал буданд.

[7] Хатоҳои ҷавонӣ ва ҷиноятҳои маро ба ёд наор; аз рӯи эҳсони Худ Ту маро ёд кун, ба хотири меҳрубонии Худ, эй Худованд!

[8] Худованд некӯ ва росткор аст, бинобар ин ба хатокорон роҳ нишон медиҳад,

[9] Ҳалимонро ба роҳи инсоф меандозад, ва ба ҳалимон тариқи Худро таълим медиҳад.

[10] Ҳамаи роҳҳои Худованд марҳамат ва ростист, барои онҳое ки аҳди Ӯ ва шаҳодоти Ӯро риоя мекунанд.

[11] Ба хотири исми Худ, эй Худованд, гуноҳи маро биомурз, гарчанде ки бузург аст.

[12] Кист он касе ки аз Худованд метарсад? Варо ӯ ба роҳе ки интихоб намудааст, ҳидоят хоҳад кард.

[13] Ҷони вай дар некӣ сокин хоҳад шуд, ва зурьёти вай вориси замин хоҳанд буд.

[14] Сирри Худованд бо тарсгорони Ӯст, ва аҳди Худро ба онҳо маълум мекунад.

[15] Чашмонам ҳамеша сӯи Худованд аст, зеро ки Ӯ пойҳои маро аз дом берун меоварад.

[16] Ба ман лутф намо, ва ба ман марҳамат намо, зеро ки танҳо ва мискин ҳастам.

[17] Ғуссаҳои дилам афзудааст; маро аз мусибатҳоям берун ор;

[18] Ба мискинӣ ва азоби ман назар кун, ва ҳамаи хатоҳоямро биомурз.

[19] Ба душманонам назар андоз, ки чӣ қадар бисьёр шудаанд, ва чӣ гуна кинаи шадиде ба ман меварзанд.

[20] Ҷонамро муҳофизат намо, ва маро халосӣ деҳ, то хиҷил нашавам, зеро ки ба Ту паноҳ бурдаам.

[21] Бигзор беайбӣ ва росткорӣ нигаҳбони ман бошанд, зеро ки ба Ту умед мебандам.

[22] Исроилро, эй Худованд, аз ҳамаи тангиҳои вай раҳоӣ деҳ.

Забур — Chapters