[1] Барои сардори муғанниён. Нобуд накун. Суруди Довуд, вақте ки Шоул фиристод, ки хонаро қаровулӣ кунанд, то ӯро бикушанд.
[2] Маро аз душманонам халосӣ деҳ, эй Худои ман! Маро аз мухолифонам пуштибонӣ намо.
[3] Маро аз бадкирдорон халосӣ деҳ ва аз хунхӯрон наҷот деҳ.
[4] Зеро инак, бар ҷонам камин мегиранд; пурзӯрон ба муқобили ман ҷамъ мешаванд, бе он ки ҷинояте ба амал оварда бошам ва бе он ки хатое содир карда бошам, эй Худованд!
[5] Бе он ки гуноҳе дошта бошам, мешитобанд ва омода мешаванд; ба ёрии ман бедор шав ва назар андоз.
[6] Валекин Ту, эй Худованд, эй Худои лашкарҳо, эй Худои Исроил, бархоста ҳамаи халқҳоро сазо деҳ, ба ҳеҷ як хоини ҷафокор раҳм накун. Село.
[7] Шомгоҳ бармегарданд, чун сагон нула мекашанд, ва шаҳрро давр мезананд.
[8] Инак, бо даҳони худ мелаққанд; шамшерҳо дар лабҳои онҳост; зеро, ба гумонашон, «кист, ки бишнавад?»
[9] Валекин Ту, эй Худованд, бар онҳо хоҳӣ хандид; ҳамаи халқҳоро тамасхур хоҳӣ кард.
[10] Бар хилофи куввати онҳо, Туро интизорӣ мекашам, зеро Худо паноҳгоҳи ман аст.
[11] Худои эҳсонкори ман ба ёрии ман хоҳад шитофт; Худо нокомии мухолифонамро ба ман нишон хоҳад дод.
[12] Онҳоро накуш, ки мабодо қавмам фаромӯш кунанд; онҳоро бо қуввати Худ сарсону саргардон карда, зеру забар намо, эй Худованд, ки сипари мо ҳастӣ.
[13] Каломи лабҳошон хатои даҳони онҳост; пас, бигзор дар кибри худашон гирифтор шаванд, ба сабаби лаънат ва дурӯғе ки мегӯянд.
[14] Кори онҳоро тамом кун, дар ғазабат тамом кун, то ки нест шаванд; ва бидонанд, ки Худо дар Яъқуб то ақсои замин ҳукмфармост. Село.
[15] Ва бигзор шомгоҳ баргашта, чун сагон нула кашанд ва шаҳрро давр зананд;
[16] Дар ба дар гашта, хӯроке биҷӯянд, ва сер нашуда, забон ба шиква кушоянд.
[17] Валекин ман қуввати Туро хоҳам сароид ва субҳидам эҳсони Туро тараннум хоҳам кард, зеро ки Ту паноҳгоҳи ман ҳастӣ, ва гурезгоҳе дар рӯзи тангии ман.
[18] Эй қуввати ман! Туро хоҳам сароид, зеро ки Худо паноҳгоҳи ман аст, Худое ки ба ман эҳсон мекунад.