Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.

[2] Осмонҳо ҷалоли Худоро эълон мекунанд, ва фалак аз амали дастҳои Ӯ хабар медиҳад.

[3] Рӯз бо рӯз сухан мегӯяд, ва шаб бо шаб фикр изҳор мекунад.

[4] На гуфтор аст, на сухан; овози онҳо ба гӯш намерасад.

[5] Садои онҳо ба тамоми замин меравад, ва каломи онҳо то ақсои дуньё. Дар онҳо Ӯ барои офтоб хаймае барпо намудааст,

[6] Ва он мисли домод аз ҳаҷлаи худ берун меояд, мисли паҳлавон аз тай кардани роҳаш шод мешавад:

[7] Баромадани он аз як канори осмон аст, ва гардиши он то канори дигар аст, ва ҳеҷ чиз аз гармии он пинҳон нест.

[8] Тавроти Худованд комил аст, ба кас ҷон мебахшад; шаҳодати Худованд боэътимод аст, нодонро доно мегардонад.

[9] Фармудҳои Худованд ҳақ аст, дилро шод мекунад; аҳкоми Худованд равшан аст, чашмро мунаввар месозад.

[10] Тарси Худованд пок аст, то абад мемонад. Дастурҳои Худованд рост аст, ҳамааш ҳаққонист;

[11] Аз тилло ва аз зари холиси бисьёр марғубтар аст, ва аз асал ва қатраҳои шираи орухона ширинтар аст.

[12] Бандаи Ту низ дар онҳо эҳтиёт мешавад: дар риояи онҳо подоши бузурге ҳаст.

[13] Кист, ки саҳвҳоро фаҳмида тавонад? Маро аз хатоҳои пӯшидаам пок намо,

[14] Аз бадқасдон низ бандаи Худро нигоҳ дор, то ки бар ман ҳукмфармо нашаванд. Он гоҳ ман беайб ва аз ҷинояти азим пок хоҳам буд.

[15] Бигзор суханони даҳонам ва андешаи дилам писандидаи Ту бошад, эй Худованд, ки кӯҳпораи ман ва раҳокунандаи ман ҳастӣ!

Забур — Chapters