Skip to content
Opens in a new window

[1] Таронаи Довуд. Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон, ва эй тамоми ботинам — исми қуддуси Ӯро.

[2] Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон, ва ҳамаи некиҳои Ӯро фаромӯш накун.

[3] Ӯ ҳамаи гуноҳҳоятро меомурзад; ҳамаи касалиҳоятро шифо мебахшад;

[4] Ҳаётатро аз гӯр раҳо мекунад; туро бо эҳсон ва марҳамат фаро мегирад;

[5] Зеваратро аз зебоӣ сер мекунад; ҷавоният ба мисоли уқоб нав мешавад.

[6] Худованд адолатро ба амал меоварад, ва додгариро барои ҳамаи ситамкашон.

[7] Тариқҳои Худро ба Мусо маълум кард, корҳои Худро ба банӣ‐Исроил.

[8] Худованд раҳим ва бахшанда аст, собир ва пур аз эҳсон.

[9] Ба сурати абадӣ мазаммат намекунад, ва қаҳрашро то абад нигоҳ намедорад.

[10] Бо мо мувофиқи хатоҳоямон амал накардааст, ва моро мувофиқи гуноҳҳоямон сазо надодааст.

[11] Зеро, ба андозае ки осмон аз замин баланд аст, эҳсони Ӯ бар тарсгоронаш ба ҳамон андоза бузург аст.

[12] Ба андозае ки шарқ аз ғарб дур аст, ҷиноятҳои моро ба ҳамон андоза аз мо дур кардааст.

[13] Чунон ки падар ба фарзандон марҳамат мекунад, ончунон Худованд ба тарсгорони Худ марҳамат менамояд.

[14] Зеро ки Ӯ сиришти моро медонад: дар хотир дорад, ки мо хок ҳастем.

[15] Айёми инсон мисли алаф аст, мисли гули саҳрост: ончунон мешукуфад,

[16] Аммо боде бар он мевазад, ва он нест мешавад, ва маконаш дигар онро намешиносад.

[17] Валекин эҳсони Худованд бар тарсгоронаш аз азал то абад аст, ва адолати Ӯ бар фарзандони фарзандон,

[18] Бар онҳое ки аҳди Ӯро нигоҳ медоранд ва фармудҳои Ӯро дар хотир доранд, то ки онҳоро ба ҷо оваранд.

[19] Худованд бар осмон тахти Худро барқарор намудааст, ва малакути Ӯ бар ҳама ҳукмфармост.

[20] Худовандро муборак бихонед, эй фариштагони Ӯ, ки дар қувват паҳлавон ҳастед, каломи Ӯро ба ҷо меоваред, ва овози каломи Ӯро мешунавед.

[21] Худовандро муборак бихонед, эй ҳамаи лашкарҳои Ӯ, ва эй хизматгузорони Ӯ, ки иродаи Ӯро ба ҷо меоваред.

[22] Худовандро муборак бихонед, эй тамоми аъмоли Ӯ, дар ҳамаи мақомҳои ҳукмфармоии Ӯ. Эй ҷонам, Худовандро муборак бихон.

Забур — Chapters