[1] Барои сардори муғанниён бар сози шӯшаним. Таронаи Довуд.
[2] Маро наҷот деҳ, эй Худо, зеро ки обҳо то ба ҷонам расидааст.
[3] Дар ботлоқи чуқуре ғӯтидаам, ва ҷои истодан нест; ба умқҳои об даромадаам, ва ҷараёни об маро кашида мебарад.
[4] Аз фиғон лакот гардидаам, гулӯям хушкидааст, чашмонам аз интизорӣ ба Худои ман хаста шудааст.
[5] Онҳое ки бесабаб аз ман нафрат доранд, аз мӯйҳои сарам зиёд шудаанд. Онҳое ки ноҳақ ба ман адоват доранд ва маро нест кардан мехоҳанд, пурзӯр шудаанд: он чи нагирифтаам, бояд баргардонам.
[6] Худоё! Ту беақлии маро медонӣ, ва айбҳои ман аз Ту пӯшида нест.
[7] Умедворони Ту, эй Худованд Худои лашкарҳо, аз боиси ман хиҷил нахоҳанд шуд. Толибони Ту, эй Худои Исроил, аз боиси ман шарманда нахоҳанд шуд.
[8] Зеро ки ба ҳотири Ту бори нангро бардоштаам, ва пардаи расвоӣ рӯи маро пӯшидааст.
[9] Барои бародарони худ ғайр ҳисоб шудаам, ва барои писарони модари худ — бегона.
[10] Зеро ки рашки хонаи Ту маро хӯрдааст, ва бадгӯиҳои бадгӯёни Ту бар ман афтодааст.
[11] Ва рӯза дошта, бо гирья дили худро холӣ кардаам, ва ин сабаби маломатҳо дар ҳаққи ман гардидааст.
[12] Ва палосро либоси худ кардаам, ва барои онҳо зарбулмасал шудаам.
[13] Дар бораи ман дарвозанишинон гапу калоча мекунанд, ва майнӯшон ашӯла мехонанд.
[14] Валекин ман дуоямро пеши Ту, эй Худованд, дар вақти иҷобат мегӯям; Худоё, дар бузургии эҳсони Худ ва ростии наҷоти Худ маро иҷобат намо.
[15] Маро аз ботлоқ халос кун, то ки ғӯтида наравам: аз бадхоҳонам ва аз умқи обҳо раҳо шавам;
[16] Ҷараёни об маро набарад, ва чуқурӣ маро ба коми худ накашад, ва чоҳ даҳони худро бар ман напӯшад.
[17] Маро иҷобат намо, эй Худованд, зеро ки эҳсони Ту некӯст; аз рӯи фаровонии марҳаматҳои Худ бар ман таваҷҷӯҳ намо.
[18] Ва рӯи Худро аз бандаи Худ пинҳон надор, зеро ки ба танг омадаам; маро ба зудӣ иҷобат намо.
[19] Ба ҷонам наздик шуда, онро халос кун; бар хилофи душманонам маро раҳоӣ деҳ.
[20] Ту нанги маро, хиҷолати маро ва расвоии маро медонӣ; ҳамаи хасмҳоям пеши назари Туанд.
[21] Маломат диламро шикастааст, ва ман хеле ранҷур шудаам; ба дилсӯзе интизорӣ доштам, аммо набуд, ба тасаллидиҳандагон низ, лекин наёфтам.
[22] Ва барои хӯрданам заҳра доданд, ва дар ташнагиам маро сирко нӯшонданд.
[23] Бигзор суфраи онҳо пеши рӯяшон ба доме, ва зиёфати осоиштаи онҳо ба қапқоне мубаддал гардад;
[24] Бигзор чашмони онҳо хира шавад, то ки набинанд, ва камарҳои онҳоро абадан суст гардон.
[25] Хашми Худро бар онҳо бирез, ва ғазаби Ту бигзор онҳоро дарьёбад.
[26] Бигзор хонаҳошон хароб гардад, ва касе дар ҳаймаҳошон сокин нашавад.
[27] Зеро касеро, ки Ту задаӣ, таъқиб мекунанд, ва дардҳои шаҳидонатро нақл менамоянд.
[28] Гуноҳ бар гуноҳашон илова намо, ва бигзор дар адолати Ту дохил нашаванд.
[29] Бигзор аз дафтари ҳаёт маҳв гарданд, ва бо одилон навишта нашаванд.
[30] Валекин ман мискин ва азияткаш ҳастам; наҷоти Ту, эй Худо, паноҳи ман хоҳад шуд.
[31] Исми Худоро бо суруд мадҳ хоҳам кард; ва Ӯро бо шукрона такбир хоҳам гуфт.
[32] Ва ин ба Худованд писанд хоҳад омад, бештар аз гов ва гӯсолае ки дорои шохҳо ва сумҳост.
[33] Ҳалимон дида, шод хоҳанд шуд. Эй толибони Худо, дилатон зинда хоҳад шуд.
[34] Зеро ки Худованд мискинонро мешунавад, ва ба бандиёни Худ беэътиноӣ намекунад.
[35] Осмон ва замин, баҳрҳо ва ҳар он чи дар онҳо меҷунбад, Ӯро мадҳ мекунанд.
[36] Зеро ки Худо Сионро наҷот хоҳад дод, ва шаҳрҳои Яҳудоро бино хоҳад кард, ва дар он ҷо сокин хоҳанд шуд, ва онро мерос хоҳанд гирифт.
[37] Ва зурьёти бандагонаш вориси он хоҳанд шуд, ва дӯстдорони исми Ӯ дар он сукунат хоҳанд кард.