[1] Худованд подшоҳӣ мекунад: бигзор қавмҳо ба ларза оянд! Ӯ бар каррубиён нишастааст: бигзор замин мутазалзил гардад!
[2] Худованд дар Сион бузург аст; ва Ӯ бар ҳамаи қавмҳо баланд аст.
[3] Исми Туро ҳама хоҳанд гуфт, эй бузургвор ва саҳмгин! — Ӯ Қуддус аст.
[4] Ва қуввати подшоҳ инсофро дӯст медорад. Ту ҳаққониятро барқарор кардаӣ; инсоф ва адолатро дар Яъқуб ба амал овардаӣ.
[5] Худованд Худои моро болобардор намоед, ва ба қадамгоҳи Ӯ саҷда кунед! — Ӯ Қуддус аст.
[6] Мусо ва Ҳорун дар миёни коҳинони Ӯ буданд, ва Самуил дар миёни хонандагони исми Ӯ; онҳо сӯи Худованд мехонданд, ва Ӯ онҳоро иҷобат менамуд.
[7] Дар сутуни абр ба онҳо сухан меронд; шаҳодоти Ӯро риоя мекарданд, ва фароизеро, ки ба онҳо дода буд.
[8] Худовандо, Худои мо! Ту онҳоро иҷобат менамудӣ; онҳоро Худои ғаффор будӣ, ва барои амалиёти зидди онҳо интиқом мегирифтӣ.
[9] Худованд Худои моро болобардор намоед, ва ба кӯҳи муқаддаси Ӯ саҷда кунед! — Зеро ки Худованд Худои мо Қуддус аст.