Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.

[2] Ба Худованд бисьёр умед бастам, ва Ӯ сӯи ман рӯ овард, ва истиғосаи маро шунид;

[3] Ва маро аз чоҳи ҳалокат, аз ботлоқи пурлой берун овард, ва пойҳоямро бар сахрае гузошт, қадамҳоямро мустаҳкам гардонд.

[4] Ва суруди наве дар даҳонам гузошт, — ҳамду санои Худои моро. Бисьёр касон инро дида, тарсон хоҳанд шуд, ва ба Худованд таваккал хоҳанд кард.

[5] Хушо марде ки ба Худованд таваккал мекунад, ва ба мутакаббирон ва пайравони кизб рӯ намеоварад!

[6] Корҳои зиёде Ту кардаӣ, эй Худованд Худои ман! Корҳои аҷоиб ва андешаҳоеро, ки Ту дар ҳаққи мо зоҳир намудаӣ, — кист, ки монанди Ту бошад! — мавъиза ва нақл хоҳам кард, аммо шумораи онҳо бениҳоят бисьёр аст.

[7] Қурбонӣ ва ҳадияро Ту нахостӣ; гӯшҳои маро воз кардӣ; қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии хаторо талаб накардӣ.

[8] Он гоҳ гуфтам: инак меоям; дар тӯмори китоб дар бораи ман навишта шудааст:

[9] Иродаи Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам, ва шариати Ту андаруни дили ман аст.

[10] Дар ҷамоати бузург аз адолат башорат додаам; инак, лабҳои худро нахоҳам баст: Худовандо, Ту медонӣ.

[11] Адолати Туро андаруни дилам махфӣ надоштаам, вафо ва наҷоти Туро баён кардаам, эҳсон ва ростии Туро аз ҷамоати бузург пинҳон надоштаам.

[12] Ту, эй Худованд, марҳаматҳои Худро аз ман боз надор; бигзор эҳсон ва ростии Ту ҳамеша маро нигаҳбонӣ кунад.

[13] Зеро ки мусибатҳои бешумор маро иҳота намудааст; гуноҳҳоям маро мубтало кардааст, ба тавре ки қобили дидан нестам: онҳо аз мӯи сарам бисьёр аст, ва дилам маро тарк кардааст.

[14] Худовандо! Таваҷҷӯҳ намуда, маро халосӣ деҳ; Худовандо! Ба мадади ман шитоб кун.

[15] Бигзор онҳое ки толиби ҷони мананд, то онро ба ҳалокат расонанд, аз як сар хиҷил ва шарманда шаванд; бадхоҳонам қафо гарданд ва расво шаванд;

[16] Онҳое ки ба ман «ҳай‐ҳай!» мегӯянд, ба сабаби шармандагии худ ҳайрон шаванд;

[17] Ҳамаи толибони Ту дар Ту шодӣ ва хурсандӣ кунанд, ва дӯстдорони наҷоти Ту доимо гӯянд: «Афзун бод кибриёи Худованд!»

[18] Валекин ман камбағал ва мискин ҳастам, ва Худованд ба ман ғамхорӣ мекунад; мададгор ва раҳокунандаи ман Ту ҳастӣ. Эй Худои ман! Таъхир накун.

Забур — Chapters