[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. Худовандо! Маро тафтиш намудаӣ, ва мешиносӣ.
[2] Ту шинухези маро медонӣ; андешаҳои маро аз дур мефаҳмӣ.
[3] Атвор ва кирдори маро санҷидаӣ, ва ҳамаи роҳҳоям ба Ту маълум аст.
[4] Калимае ҳанӯз бар забонам нест, ки Ту, эй Худованд, онро ба куллӣ медонӣ.
[5] Аз қафо ва аз пеш маро фаро гирифтаӣ, ва кафи Худро бар ман гузоштаӣ.
[6] Ин аҷаб муаммост, ки аз донистанаш оҷизам: чунон баланд аст, ки онро фаҳмида наметавонам.
[7] Аз Рӯҳи Ту куҷо равам? Ва аз ҳузури Ту куҷо гурезам?
[8] Агар ба осмон бароям, он ҷо Ту ҳастӣ, ва агар дар гӯр бистар андозам, он ҷо низ Ту ҳастӣ.
[9] Агар болҳои шафақи субҳро гирифта, дар ақсои баҳр сокин шавам,
[10] Дар он ҷо низ дасти Ту маро ҳидоят хоҳад намуд, ва ямини Ту маро дастгирӣ хоҳад кард.
[11] Ва агар гӯям: «Албатта торикӣ маро ниҳон хоҳад кард, ва шаб барои ман паноҳгоҳ хоҳад шуд», —
[12] Аммо торикӣ низ аз Ту пинҳон нахоҳад кард, ва шаб мисли рӯз равшан хоҳад шуд: хоҳ торикӣ бошад, хоҳ рӯшноӣ.
[13] Зеро ки Ту ботинамро ба вуҷуд овардаӣ, маро дар батни модарам тарҳ афкандаӣ.
[14] Туро ҳамд хоҳам гуфт барои он ки ба таври хеле аҷоиб офарида шудаам: аъмоли Ту аҷоиб аст, ва ҷонам инро нағз медонад.
[15] Устухонхоям аз Ту пӯшида набуд, вақте ки дар ниҳон сохта мешудам, дар таҳтуссаро ба вуҷуд меомадам.
[16] Ҷанинамро чашмони Ту дидааст, ва дар дафтари Ту ҳамаи узвҳоям навишта шудааст, ва рӯзҳои пайдо шудани онҳо, дар сурате ки ҳеҷ яке аз онҳо ҳанӯз вуҷуд надошт.
[17] Чӣ гуна гаронбаҳост барои ман андешаҳои Ту, эй Худо, чӣ гуна бузург аст миқдори онҳо!
[18] Агар онҳоро дар шумор оварам, аз рег зиёдтар аст; вақте ки бедор мешавам, ҳанӯз бо Ту ҳастам.
[19] Кошки, эй Худо, шарирро ба қатл бирасонӣ! Эй хунхӯрон, аз ман дур шавед!
[20] Онҳо дар бораи Ту бо найранг сухан меронанд; адуёнат исми Туро бар абас ба забон мегиранд.
[21] Чӣ гуна нафрат накунам аз онҳое ки аз Ту, эй Худованд, нафрат доранд? Ва чӣ гуна мутанаффир нашавам аз онҳое ки бар Ту қиём мекунанд?
[22] Бо нафрати том аз онҳо нафрат мекунам; онҳо душманони мананд.
[23] Маро, эй Худо, тафтиш намо ва диламро бишнос; маро бисанҷ ва андешаҳоямро бидон,
[24] Ва бубин, ки оё роҳам каҷ аст? Ва маро ба роҳи некӯ андоз.