[1] Худовандро дӯст медорам, зеро ки овози маро, зориҳои маро мешунавад;
[2] Зеро ки гӯши Худро сӯи ман хам намудааст, бинобар ин тамоми умри худ Ӯро хоҳам хонд.
[3] Камандҳои мамот маро фаро гирифт ва азобҳои гӯр маро дарьёфт; ба тангӣ ва ғаму ғусса дучор шудам.
[4] Он гоҳ исми Худовандро хондам: «Лутфан, эй Худованд, ҷонамро бираҳон».
[5] Худованд бахшанда ва одил аст; ва Худои мо раҳмон аст.
[6] Худованд соддадилонро нигоҳдорӣ мекунад: ранҷур будам, ва маро наҷот дод.
[7] Эй ҷонам, ба оромии худ баргард, зеро ки Худованд ба ту таваҷҷӯҳ намудааст.
[8] Зеро ки ҷонамро аз мамот халосӣ додаӣ, чашмамро аз ашк, поямро аз лағҷидан.
[9] Пеши Худованд дар замини зиндаҳо роҳ хоҳам рафт.
Забур — Chapters
123456789101112131415161718192021222324252627282930313233343536373839404142434445464748495051525354555657585960616263646566676869707172737475767778798081828384858687888990919293949596979899100101102103104105106107108109110111112113114115116117118119120121122123124125126127128129130131132133134135136137138139140141142143144145146147148149150