[1] Суруд. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ.
[2] Худованд бузург аст ва бениҳоят мамдӯҳ дар шаҳри Худои мо, дар кӯҳи муқаддаси Худ.
[3] Теппаи бисьёр зебо, шодии тамоми замин аст кӯҳи Сион; дар канори шимолӣ шаҳри Подшоҳи муаззам аст.
[4] Худо дар қасрҳои он ҳамчун паноҳгоҳ машҳур аст:
[5] Зеро инак подшоҳон ҷамъ омаданд, якҷоя гузаштанд;
[6] Ҳамин ки онҳо диданд, ҳайрон шуда ба ҳарос афтоданд ва рӯй ба гурез оварданд;
[7] Ларза онҳоро дар он ҷо фаро гирифт ва дарди сахт, ба монанди зане ки мезояд.
[8] Ту бо боди шарқӣ киштиҳои Таршишро шикастӣ.
[9] Чунон ки шунида будем, ончунон дидем дар шаҳри Худованди лашкарҳо, дар шаҳри Худои мо: Худо онро барқарор хоҳад кард то абад. Село.
[10] Дар бораи эҳсони Ту, эй Худо, мо андаруни қасри Ту фикру хаёл мекунем.
[11] Чунон ки исми Ту, эй Худо, ончунон ҳамду санои Ту то ақсои замин паҳн шудааст; ямини Ту пур аз адл аст.
[12] Кӯҳи Сион хурсандӣ мекунад, духтарони Яҳудо шод мешаванд, ба муносибати довариҳои Ту.
[13] Дар гирди Сион гардед ва онро давр занед; бурҷҳои онро бишморед;
[14] Дили худро ба истеҳкомҳои он бимонед; қасрҳояшро дида бароед, то ки ба насли оянда ҳикоят кунед,
[15] Зеро ки ин Худо Худои мост то абад; Ӯ моро то дами мамот ҳидоят хоҳад кард.