[1] Таронаи Довуд. Ба мухолифонам, эй Худованд, мухолифат намо, ба ҷангҷӯёнам ҷанг кун;
[2] Сипар ва ҷавшан бигир, ва ба мадади ман бархез;
[3] Ва найзаро бикаш ва пеши роҳи таъқибкунандагони маро бигир; ба ҷонам бигӯй: «Ман наҷоти ту ҳастам!»
[4] Бигзор толибони ҷонам хиҷил ва расво шаванд; бадандешонам қафо гарданд ва шарманда шаванд;
[5] Мисли коҳрезае пеши бод бошанд, ва фариштаи Худованд онҳоро биронад;
[6] Роҳашон торик ва лағжонак бошад, ва фариштаи Худованд онҳоро таъқиб намояд,
[7] Зеро ки бе сабабе барои ман доми худро дар ҳафра пинҳон кардаанд; онро бе сабаб барои ҷонам кандаанд.
[8] Бигзор бар ӯ таҳлукаи ногаҳоние биёяд, ва доме ки пинҳон кардааст, худи ӯро бигирад; дар торикӣ дар он фурӯ ғалтад.
[9] Валекин ҷонам дар Худованд хурсандӣ хоҳад кард; дар наҷоти Ӯ шод хоҳам шуд.
[10] Хамаи устухонҳоям мегӯяд: Худовандо! Кист монанди Ту, ки камбағалро аз каси пурзӯртар аз вай халос мекунӣ, ва камбағалу мискинро аз ғораткунандаи вай!
[11] Шоҳидони бадкин бархостаанд: он чи намедонам, аз ман мепурсанд;
[12] Ба ивази некӣ ба ман бадӣ мекунанд, ҷонамро гирифтори бекасӣ мегардонанд.
[13] Валекин ман дар бемории онҳо палос мепӯшидам, ҷонамро бо рӯзадорӣ азоб медодам, аммо бигзор дуоям ба оғӯшам баргардад.
[14] Мисли он ки дӯстам ё бародарам бошад, рафтор мекардам; мисли он ки барои модарам мотам гирифта бошам, ғамгин ва сархам будам.
[15] Валекин вақте ки меафтодам, шодӣ мекарданд ва ҷамъ мешуданд; нокасоне бар зидди ман ҷамъ мешуданд, ки намешинохтам; маро дашном медоданд, ва бас намекарданд;
[16] Бо масхарабозони риёкор дар ҳаққи ман дандонҳои худро ғиҷиррос мезанонданд.
[17] Худовандо! То ба кай нигоҳ хоҳӣ кард? Ҷонамро аз ситамҳои онҳо, ягонаамро аз шерони ҷавон халос кун.
[18] Туро дар ҷамоати бузург ҳамд хоҳам гуфт, дар миёни қавми азим Туро мадҳ хоҳам кард,
[19] То онҳое ки ноҳақ ба ман адоват доранд, бар ман шодкомӣ наёбанд, онҳое ки бесабаб аз ман нафрат доранд, ба ҳамдигар чашмакӣ назананд;
[20] Зеро ки на дар бораи сулҳу осоиштагӣ сухан меронанд, балки дар ҳаққи сулҳҷӯёни замин бӯҳтонҳои макромез мебофанд;
[21] Ва даҳони худро ба ман воз карда, мегӯянд: «Ҳай‐ҳай, чашми мо дид!»
[22] Инҳоро Ту, эй Худованд, дидаӣ, хомӯш набош. Худовандо! Аз ман дур набош.
[23] Барои мурофиаи ман, барои даъвои ман аз хоб хез ва бедор шав, эй Худои ман ва Худованди ман!
[24] Маро аз рӯи адолати Худ дар доварӣ ҳимоят намо, эй Худованд Худои ман, то ки бар ман шодкомӣ наёбанд,
[25] Ва дар дили худ нагӯянд: «Ҳай‐ҳай, ҷони мо ҳузур кард!» Ва нагӯянд: «Ӯро фурӯ бурдем».
[26] Бигзор онҳое ки дар мусибати ман шодӣ мекунанд, якҷоя шарманда ва расво шаванд, онҳое ки бар ман такаббур менамоянд, пероҳани хиҷолат дар бар кунанд.
[27] Бигзор онҳое ки хоҳишманди ҳаққонияти мананд, шод ва хурсанд шаванд ва доимо гӯянд: «Афзун бод кибриёи Худованд, ки саломатии бандаи Худро хоҳон аст!»
[28] Ва забонам адолати Туро ва ҳамду санои Туро ҳар рӯз баён хоҳад кард.