Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён бар сози ҳашттор. Таронаи Довуд.

[2] Худовандо! Дар ғазаби Худ маро мазаммат накун, ва дар хашми Худ маро ҷазо надеҳ.

[3] Ба ман марҳамат намо, эй Худованд, зеро ки ман афсурдаҳолам; маро шифо бидеҳ, эй Худованд, зеро ки устухонҳоям ба ларза омадааст;

[4] Ҷонам низ хеле ба ларза омадааст; пас Ту, эй Худованд, то ба кай?

[5] Баргард, эй Худованд, ҷонамро бираҳон, ба хотири эҳсони Худ маро наҷот деҳ,

[6] Зеро ки дар мамот зикри Ту нест: дар гӯристон кӣ Туро ҳамд мегӯяд?

[7] Аз оҳу воҳи худ лакот шудаам; тамоми шаб ҷогаҳамро ғарқи об мекунам: бо ашки худ бистарамро тар мекунам.

[8] Чашмам аз ғусса хаста шудааст, аз дасти ҳамаи хасмҳоям оҷиз гардидааст.

[9] Аз ман дур шавед, эй ҳамаи бадкирдорон! Зеро ки Худованд овози гирьяи маро шунидааст.

[10] Худованд истигосаи маро шунидааст; Худованд дуои маро иҷобат хоҳад кард.

[11] Бигзор ҳамаи душманонам шармсор ва бисьёр ҳаросон шаванд; дар як он хиҷил шуда, баргарданд.

Забур — Chapters