Skip to content
Opens in a new window

[1] Марде дар замини Ус буд, ки Айюб ном дошт, ва он мард беайб ва росткор ва худотарс буд ва аз бадӣ дур мешуд.

[2] Ва ба ӯ ҳафт писар ва се духтар таваллуд ёфтанд.

[3] Ва чорвои ӯ аз ҳафт ҳазор бузу гӯсфанд ва се ҳазор шутур ва панҷсад ҷуфт гов ва панҷсад модахар иборат буд, ва ӯ ғуломону канизони бағоят зиёде дошт; ва ин мард аз тамоми аҳли шарқ бузургтар буд.

[4] Ва писарони ӯ рафта, дар хонаи ҳар яке дар рӯзи вай базм барпо мекарданд, ва кас фиристода, се хоҳари худро даъват менамуданд, то ки бо онҳо бихӯранд ва бинӯшанд.

[5] Ва ҳангоме ки давраи рӯзҳои базм анҷом меёфт, Айюб кас фиристода, онҳоро такдис менамуд, ва саҳаргоҳон бархоста, мувофиқи адади ҳамаи онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ мебаровард, зеро ки Айюб мегуфт: «Шояд, писаронам хато карда, Худоро дар дили худ хорӣ дода бошанд». Айюб ҳама вақт чунин амал мекард.

[6] Ва рӯзе воқеъ шуд, ки писарони Худо омаданд, то ки пеши Худованд ҳозир шаванд; ва шайтон низ дар миёни онҳо омад.

[7] Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Аз куҷо омадӣ?» Ва шайтон ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: «Аз давр задан бар замин ва аз гаштугузор кардан бар он».

[8] Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Оё ба бандаи Ман Айюб диққат додӣ, ки мисли ӯ марди беайб ва росткор ва худотарсе ки аз бадӣ дур мешавад, бар замин нест?»

[9] Ва шайтон ба Худованд ҷавоб гардонда, гуфт: «Оё Айюб бесабаб аз Худо метарсад?

[10] Оё Ту барои ӯ ва барои хонаи ӯ ва барои ҳар чизе ки ӯ дорад, гирдогирд ҳисор насохтаӣ? Амали дастҳои ӯро Ту баракат додаӣ, ва чорвои ӯ бар замин паҳн шудааст.

[11] Аммо дасти Худро дароз карда, ба ҳар чизе ки ӯ дорад, бизан, — Туро ба ҳузурат дашном хоҳад дод».

[12] Ва Худованд ба шайтон гуфт: «Инак, ҳар чизе ки ӯ дорад, дар дасти туст, фақат ба худи ӯ дасти худро дароз накун». Ва шайтон аз пеши Худованд рафт.

[13] Ва рӯзе воқеъ шуд, ки писарон ва духтарони Айюб дар хонаи бародари нахустзодаи худ мехӯрданд ва шароб менӯшиданд.

[14] Ва қосиде назди Айюб омада, гуфт: «Говҳо шудгор мекард, ва модахарҳо дар паҳлуи онҳо мечарид,

[15] Ва мардуми Сабо ҳуҷум карда, онҳоро гирифтанд, ва навкаронро ба дами шамшер заданд; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».

[16] Ҳанӯз вай сухан меронд, ки дигаре омада, гуфт: «Оташи Худо аз осмон афтода, бузу гӯсфандон ва навкаронро сӯзонд, ва онҳоро нобуд кард; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».

[17] Ҳанӯз вай сухан меронд, ки дигаре омада, гуфт: «Калдониён се даста шуда, ба шутурҳо ҳамла оварданд ва онҳоро гирифтанд, ва навкаронро ба дами шамшер заданд; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».

[18] Ҳанӯз вай сухан меронд, ки дигаре омада, гуфт: «Писарон ва духтарони ту дар хонаи бародари нахустзодаи худ мехӯрданд ва шароб менӯшиданд,

[19] Ва инак, боди азиме аз ҷониби биёбон омада, чор кунҷи хонаро фаро гирифт, ва он бар ҷавонон фурӯ рафт, ва онҳо мурданд; ва танҳо ман раҳо шудам, то ки ба ту хабар диҳам».

[20] Он гоҳ Айюб бархоста, ҷомаи худро чок зад, ва мӯйсари худро гирифт, ва бар замин афтода, саҷда бурд.

[21] Ва гуфт: «Аз батни модари худ бараҳна берун омадам, ва ба он ҷо бараҳна хоҳам баргашт. Худованд дод, ва Худованд гирифт. Исми Худованд муборак бод»!

[22] Дар ҳамаи ин Айюб хатое накард, ва аз Худо шикоят нанамуд.

Китоби Айюб — Chapters