[1] Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:
[2] «Имрӯз низ шикваи ман талх аст, чунки зарбаи дасти Ӯ аз оҳу воҳи ман сахттар аст.
[3] Кошки медонистам, ки Ӯро аз куҷо ёбам, то ки пеши тахти Ӯ биёям!
[4] Даъвои худро ба ҳузури Ӯ пешниҳод менамудам, ва даҳонамро аз далелҳо пур мекардам.
[5] Суханонеро, ки ба ҷавоби ман мегуфт, медонистам, ва он чи ба ман мегуфт, мефаҳмидам.
[6] Оё бо қуввати азими Худ бо ман ҷидол менамуд? Не! Балки ба ман диққат медод.
[7] Он гоҳ росткор ба Ӯ исбот мекард, ва ман аз дасти Довари худ ба сурати абадӣ раҳоӣ меёфтам.
[8] Инак, ба тарафи шарқ меравам, вале Ӯ ёфт намешавад, ва ба тарафи ғарб, — вале Ӯро пайхас намекунам;
[9] Ба тарафи шимол, вақте ки Ӯ ҳаракат мекунад, — Ӯро намебинам; ба тарафи ҷануб, вақте ки Ӯ рӯ меоварад, — Ӯро мушоҳида намекунам.
[10] Зеро роҳеро, ки бар он истодаам, Ӯ медонад; агар маро меозмуд, мисли тилло мебаромадам.
[11] Пои ман изи қадами Ӯро гирифта рафтааст: тариқи Ӯро нигоҳ доштаам, ва аз он сар натофтаам.
[12] Аз ҳукми лабҳои Ӯ дур нашудаам; суханони даҳони Ӯро бештар аз ротибаи худ ниҳон доштаам.
[13] Валекин Ӯ якраъй аст, ва кист, ки Ӯро баргардонад? Ва он чи дили Ӯ хоҳад, ба ҷо меоварад.
[14] Ҳамин тавр Ӯ муқаддаротро дар ҳаққи ман анҷом медиҳад: ва мисли ин назди Ӯ бисьёранд.
[15] Бинобар ин аз хашми Ӯ ба ҳарос меафтам; вақте ки мулоҳиза мекунам, аз Ӯ метарсам.
[16] Худо дар дили ман ваҳм андохтааст, ва Қодир маро ҳаросон кардааст,
[17] Зеро ки на аз торикӣ кори ман тамом шудааст, ва на аз дидори ман, ки онро зулмот пӯшондааст.