[1] Ва Билдоди Шуҳӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
[2] «То ба кай чунин суханонро хоҳӣ гуфт? Ва гуфтори даҳонат боди пурталотуме хоҳад буд?
[3] Оё Худо дар доварӣ каҷкорӣ менамояд? Ва Қодир адолатро каҷ мекунад?
[4] Модоме ки писаронат назди Ӯ хато кардаанд, Ӯ онҳоро ба дасти гуноҳашон супурдааст.
[5] Агар ту Худоро биҷӯӣ, ва аз Қодир илтиҷо намоӣ,
[6] Ва агар ту пок ва росткор бошӣ, яқин аст, ки Ӯ бар ҳифзи ту хоҳад бархост, ва маскани адли туро мукаммал хоҳад кард.
[7] Ва агар аввали ту назарногир бошад, охири ту бағоят нашъунамо хоҳад ёфт.
[8] Зеро ки аз наслҳои қадим бипурс, ва ба тадқиқоти падарони онҳо диққат намо:
[9] Мо дирӯза ҳастем, ва чизе намедонем, чунки рӯзҳои мо сояе бар замин аст.
[10] Онҳо, охир, туро таълим хоҳанд дод, ба ту хоҳанд гуфт, ва суханонро аз таҳти дили худ берун хоҳанд овард.
[11] Оё най бе ботлоқ қад мекашад? Оё қамиш бе об нумӯ мекунад?
[12] Ҳанӯз дар айни таровати худ, бе он ки бурида шуда бошад, пеш аз ҳар алаф хушк мешавад.
[13] Чунин аст тариқи ҳамаи худобехабарон; ва умеди кофир нест хоҳад шуд,
[14] Ки худбоварии ӯ решакан мешавад, ва паноҳгоҳи ӯ хонаи анкабӯт аст:
[15] Бар хонаи худ такья мекунад, вале наметавонад истодагӣ намояд; онро сахт медорад, вале наметавонад қоим бошад.
[16] Пеши офтоб нахл сабзу хуррам аст, ва навдаҳояш бар рӯи боғаш паҳн мешавад,
[17] Решаҳояш назди чашма ба ҳам мепечад, аз миёни сангҳо гузашта меравад,
[18] Аммо агар аз ҷои худ канда шавад, ҷояш онро инкор карда, мегӯяд: „Туро надидаам!“
[19] Ана ҳамин аст шодмонии роҳи он! Ва аз хок дигарон хоҳанд сабзид.
[20] Инак, Худо беайбро тарк наменамояд, ва бадкешонро дастгирӣ намекунад.
[21] Ӯ боз даҳонатро аз ханда пур хоҳад кард, ва лабҳоятро аз нидои шодмонӣ.
[22] Бадхоҳонат пероҳани хиҷолат дар бар хоҳанд кард, ва хаймаи шарирон маҳв хоҳад шуд».