[1] Ва Алифози Темонӣ ҷавоб гардонда, гуфт:
[2] «Оё хирадманд бо дониши пуч ҷавоб медиҳад? Ва батни худро аз боди самум пур мекунад?
[3] Оё бо гапи номуносиб исбот менамояд? Ва бо суханоне ки аз онҳо ҳеҷ фоидае нест?
[4] Лекин ту худотарсиро поймол намудаӣ, ва илтиҷоро ба ҳузури Худо кам кардаӣ,
[5] Зеро ки гуноҳи ту даҳони туро ром намудааст, ва ту забони ҳилагаронро хуш кардаӣ.
[6] Туро даҳонат айбдор мекунад, ва на ман; ва лабҳоят ба зидди ту далолат менамояд.
[7] Оё дар насли одамизод ту аввалин таваллуд ёфтаӣ? Ва ё пеш аз талҳо ба вуҷуд омадаӣ?
[8] Оё рози Худоро шунидаӣ? Ва ҳикматро сӯи худ ҷалб намудаӣ?
[9] Чӣ медонӣ, ки онро мо надонем? Чӣ мефаҳмӣ, ки он назди мо набошад?
[10] Ҳам мӯйсафед ва ҳам пиронсол дар байни мо ҳастанд, ки умрашон аз умри падари ту бузургтар аст.
[11] Оё тасаллиҳои Худо барои ту кам аст? Ва сухане ки бо мулоимат ба ту гуфта мешавад?
[12] Чаро дилат туро боло гирифтааст? Ва чаро чашмонат аз хашм барқ мезанад?
[13] Зеро ки рӯҳи худро ба зидди Худо нигаронидаӣ, ва аз даҳонат чунин суханонро мебарорӣ.
[14] Инсон чист, ки пок бошад? Ва оё зодаи зан одил мешавад?
[15] Инак, Ӯ ба муқаддасони Худ эътимод надорад, ва осмон дар назараш пок нест,
[16] Алалхусус одамизод зишт ва фосид аст, ки ноинсофиро мисли об менӯшад.
[17] Фикри худро ба ту изҳор менамоям, маро бишнав; ва он чи дидаам, ҳикоят мекунам,
[18] Ки хирадмандон онро аз падарони худ ривоят кардаанд ва пинҳон надоштаанд,
[19] Ки танҳо ба онҳо ин замин дода шуда буд, ва аз миёни онҳо бегонае нагузашта буд.
[20] Шарир дар тамоми рӯзҳои худ гирифтори сӯзу гудоз аст, ва солҳои башумор барои ситамгар таъин шудааст.
[21] Садои даҳшатҳо дар гӯшҳои ӯст; дар ҳини осоиштагӣ тороҷгар ба сараш меояд;
[22] Боварӣ надорад, ки аз торикӣ раҳо хоҳад шуд, ва ба гумонаш шамшер ӯро дар камин аст;
[23] Барои порчаи ноне дарбадар гашта, мепурсад: „Куҷост?“ Медонад, ки назди ӯ рӯзи торикӣ муҳайёст.
[24] Тангӣ ва мӯҳтоҷӣ ӯро дар даҳшат меандозад, мисли подшоҳе ки ба ҷанг тайёр шуда бошад, ӯро мағлуб месозад,
[25] Зеро ки ӯ ба Худо дасти тааддӣ дароз кардааст ва ба Қодир густохӣ намудааст,
[26] Гардандарозӣ карда, дар таҳти ҳалқаҳои ғафси ҷавшани худ бар Ӯ тохт овардааст,
[27] Чунки рӯи худро бо фарбеҳии худ пӯшондааст, ва камараш қабат‐қабат чарбу бастааст;
[28] Ва дар шаҳрҳои вайрон сокин хоҳад шуд, дар хонаҳои ғайримаскуне ки ба харобӣ маҳкум гардидааст.
[29] Ӯ бой нахоҳад шуд, ва сарваташ қоим нахоҳад монд, ва молу мулкаш бар замин афзоиш нахоҳад ёфт;
[30] Аз торикӣ халос нахоҳад шуд; ниҳолашро аланга хушк хоҳад кард, ва аз нафаси даҳони Ӯ нобуд хоҳад шуд.
[31] Бигзор ин одами гумроҳ ба батолат бовар накунад, зеро ки батолат мукофоти ӯ хоҳад шуд;
[32] Пеш аз расидани рӯзаш фано хоҳад шуд, ва шоху баргаш сабзу хуррам нахоҳад буд;
[33] Мисли ток ғӯраи худро хоҳад рехт, ва мисли зайтун муғҷаи худро хоҳад партофт;
[34] Зеро ки хонадони риёкор гирифтори бекасӣ хоҳад шуд, ва аҳли байти ришвахӯрро оташ маҳв хоҳад кард.
[35] Онҳое ки ба хабосат ҳомила мешаванд, бадиро мезоянд, ва батнашон макрро тайёр мекунад».