[1] Ва акнун, эй Айюб, суханони маро бишнав ва ба ҳамаи гуфтаҳоям гӯш андоз.
[2] Инак, лабҳои худро кушодам: забонам дар даҳонам сухан меронад.
[3] Суханонам ифодаи дили софи ман аст, ва лабҳоям дониши холисро баён мекунад.
[4] Рӯҳи Худо маро ба вуҷуд овардааст, ва нафаси Қодир ба ман ҳаёт бахшидааст.
[5] Агар тавонӣ, ба ман ҷавоб гардон: пеши ман ба мунозира ҳозир шав.
[6] Инак, ман нисбат ба Худо мисли ту ҳастам: ман низ аз гил сиришта шудаам.
[7] Инак, бими ман туро дар даҳшат нахоҳад андохт, ва фишори ман бар ту гарон нахоҳад омад.
[8] Ба яқин, ту дар гӯши ман сухан рондӣ, ва ман садои каломатро шунидам:
[9] „Ман пок ҳастам ва бе маъсият; ман айбе надорам, ва гуноҳе дар ман нест;
[10] Инак, Ӯ баҳонаҳо бар ман меҷӯяд, маро душмани Худ ҳисоб мекунад,
[11] Пойҳоямро дар ишкел меандозад, ҳамаи роҳҳои маро мепояд“.
[12] Ана дар ҳамин хусус ба ту ҷавоб мегардонам, ки ҳақ ба ҷониби ту нест, чунки Худо аз инсон бузургтар аст.
[13] Чаро ба Ӯ даъво мекунӣ, ки аз тамоми аъмоли Худ ҳисобот намедиҳад?
[14] Зеро ки Худо ба як тарз сухан меронад, ва ба тарзи дуюм, агар ба он суханаш сарфаҳм нараванд:
[15] Дар хоб, дар рӯъёи шаб, вақте ки одамонро хоб зер мекунад; вақте ки бар бистар ғанабашон мебарад.
[16] Он гоҳ Ӯ гӯши одамонро мекушояд ва панд дода, бар онҳо асаре мегузорад,
[17] То ки одамизодро аз амали бад дур кунад, ва ғурурро аз мард пинҳон дорад.
[18] Ҷони варо Ӯ аз гӯр маҳфуз медорад, ва ҳаёти варо аз нобуд шудан ба дами шамшер.
[19] Ё ки вай болои бистари худ аз дарде азият мекашад, ва изтироби устухонҳояш пурзӯр аст,
[20] Ва ҳаёти вай аз нон нафрат дорад, ва ҷони вай аз хӯроки лазиз.
[21] Ҷисми вай барбод меравад, ба тавре ки дида намешавад, ва устухонҳояш, ки ноаён буд, барҷаста мебарояд.
[22] Ва ҷони вай ба гӯр наздик мешавад, ва ҳаёташ ба малакулмавт.
[23] Агар барои вай фариштае, як ҳимоятгаре аз байни ҳазор бошад, то ки росткории одамро баён намояд, —
[24] Дар он сурат Ӯ ба вай раҳм карда, ба он фаришта хоҳад гуфт: „Варо аз фурӯд омадан ба гӯр раҳо намо; Ман кафорате пайдо кардаам“.
[25] Ҷисми вай бештар аз ҷавониаш тароват хоҳад гирифт: вай ба айёми наврасии худ хоҳад баргашт.
[26] Ба ҳузури Худо дуо хоҳад гуфт, ва он мустаҷоб хоҳад шуд, ва рӯи Ӯро бо шодӣ хоҳад дид, ва Ӯ ба инсон адолати варо хоҳад баргардонид.
[27] Вай ба мардум рӯ оварда, хоҳад гуфт: „Гуноҳ кардам ва роҳи ростро каҷ кардам, ва сазои ман дода нашуд;
[28] Ҷони маро аз фурӯд омадан ба гӯр Ӯ раҳо намуд, ва ҳаёти ман аз нур баҳра мебарад“.
[29] Инак, ҳамаи ин чизҳоро Худо бо мард ду‐се дафъа ба амал меоварад,
[30] То ки ҷони варо аз гӯр баргардонад ва бо нури ҳаёт мунаввар созад.
[31] Диққат намо, эй Айюб, маро бишнав; хомӯш нишин, ва ман сухан хоҳам ронд.
[32] Агар сухане дошта бошӣ, ба ман ҷавоб гардон; бигӯ, зеро мехоҳам, ки адолати худро исбот намоӣ.
[33] Вагар на, ту маро бишнав; хомӯш бош, ва ман ҳикматро ба ту таълим хоҳам дод».