Skip to content
Opens in a new window

[1] Ва Айюб ҷавоб гардонда, гуфт:

[2] «Яқин аст, ки шумо гузини қавм ҳастед, ва ҳикмат бо шумо хоҳад мурд.

[3] Ман низ мисли шумо соҳибдил ҳастам; аз шумо камтар нестам; ва кист, ки чунин чизҳоро надонад?

[4] Ман барои ёрони худ хандахариш шудаам, — агарчи Худоро мехонам, ва Ӯ маро иҷобат менамояд, — оре, хандахариш шудаам, агарчи одил ва беайб ҳастам.

[5] Ба фикри лоубол, тамасхур барои мусибатзада аст, ва зарба барои касонест, ки пояшон лағҷидааст.

[6] Хаймаҳои тороҷгарон ором аст, ва онҳое ки Худоро ба ғазаб меоваранд, дар амният мебошанд, ки ҳар яке худои худро дар дасти худ доранд.

[7] Валекин аз чорпоён бипурс, ва туро таълим хоҳанд дод, ва аз мурғони ҳаво бипурс, ва ба ту хабар хоҳанд дод;

[8] Ё бо замин мусоҳиба намо, ва туро таълим хоҳад дод, ва моҳиёни баҳр ба ту ҳикоят хоҳанд кард.

[9] Кист аз ҳамаи онҳо, ки надонад, ки дасти Худованд инро ба вуҷуд овардааст?

[10] Ҷони тамоми мавҷудот ва рӯҳи тамоми навъи башар дар дасти Ӯст.

[11] Оё гӯш суханонро намесанҷад, чунон ки ком таъми хӯрокро фарқ мекунад?

[12] Ҳикмат дар пирон аст, ва хирад дар умри дароз.

[13] Ҳикмат ва қудрат дар Ӯст, машварат ва хирад аз они Ӯст.

[14] Инак, Ӯ хароб мекунад, ва он чиз аз нав бино нахоҳад ёфт; касеро бандӣ мекунад, ва банди он кас кушода нахоҳад шуд.

[15] Инак, обҳоро бозмедорад, ва хушк мешаванд, ва онҳоро сар медиҳад, ва заминро чаппаву роста мекунанд.

[16] Қудрат ва ҳикмат аз они Ӯст, ғалаткунанда ва чапғалатдиҳанда назди Ӯст.

[17] Ӯ мушовиронро бемулоҳиза мегардонад, ва доваронро саргаранг мекунад;

[18] Бандҳои подшоҳонро мекушояд, ва бар камарҳошон миёнбанд мебандад;

[19] Коҳинонро урьён мегардонад, ва зӯроваронро вожгун мекунад;

[20] Суханваронро аз забон маҳрум менамояд, ва зеҳни пиронро мерабояд;

[21] Забуниро бар мирон фурӯ мерезад, ва камарбанди тавонгаронро суст мекунад;

[22] Умқҳоро аз даруни торикӣ ошкор месозад, ва зулмотро ба рӯшноӣ мебарорад;

[23] Халқҳоро афзун мегардонад, ва онҳоро маҳв менамояд; халқҳоро вусъат медиҳад, ва онҳоро тарк мекунад;

[24] Сарварони қавми заминро аз ақл маҳрум менамояд, ва онҳоро дар бодияи бероҳа сарсону саргардон мекунад:

[25] Дар торикӣ даст‐дасткунон роҳ мераванд, ва рӯшноӣ нест; ва онҳоро мисли мастон сарсону саргардон мекунад.

Китоби Айюб — Chapters